Созиш дар мавриди ҷалби сармоядорҳои финӣ ба Тоҷикистон
Никлас Линдквист, сафири нави Финляндия, ки охири ҳафтаи гузашта ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон эътимоднома супурд, дар мулоқот бо Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳадафи асосияшро дар Душанбе густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ арзёбӣ намудааст.
Тавре аз Кумитаи сармоягузорӣ иттилоъ доданд, Давлаталӣ Саидов ба сафир доир ба самтҳои фаъолияти Кумита, дастовардҳои ноилгашта дар самти ислоҳоти фазои сармоягузорӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, нақшаҳои минбаъдаи ҳукумати мамлакат дар ин самт, имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодии ҷумҳурӣ, аз он ҷумла, гидроэнергетика, кишоварзӣ, туризм ва истифодаи қаръи замин, кафолату имтиёзҳо барои сармоягузорон пешниҳодшаванда, тартиби ҳамкорӣ бо ширкатҳои сармоягузори хориҷӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Ба иттилои манбаъ Никлас Линдквист омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолият баҳри густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни соҳибкорони ду кишвар ва ҷалби сармояи Финляндия ба Тоҷикистон изҳор намудааст. Ҷонибҳо зарур хондаанд, ки барои огоҳонидани доираҳои сармоядори Финляндия оид ба иқтидору имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон чорабиниҳои ташвиқотӣ бештар ба роҳ монда шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |