Қарзи ширкати «Барқи тоҷик» аз кумитаи андози кишвар ба 366, 3 миллион сомонӣ расидааст, ки чунин маблағ нисбат ба нишондодҳои аввали соли равон 58, 7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, аз сабаби он ки муштариён сари вақт маблағи барқи истифодабурдаашонро ба ширкат намесупоранд, бинобар ин онҳо низ дар назди кумитаи андоз аз ўҳдаи сари вақт супоридани маблағ намебароянд. Номбурда қайд кард, ки дар нимсолаи дуюми соли равон сатҳи ҷамъоварии маблағи фурўши барқро зиёд намуда, талафоти онро ҳангоми интиқол кам месозанд: «Вобаста ба имкониятҳои молиявии худ тармиму таҷдиди иншоотҳои мавҷудаи энергетикиро зиёд намуда, интиқоли нерўи барқро бо сифати баланд ва содироти онро ба хориҷи кишвар роҳандозӣ намуда, вазъи молиявии худро боз ҳам солим мегардонем».{jathumbnail off}
Мӯҳр