Дахолати вазир ба ришваситонии нозири БДА дар Рашт
Дар пайи шикояти сокинони шаҳраки Навободи минтақаи Рашт, алайҳи Ғаюр Ҳайитов лейтенанти калони милитсия, нозири БДА дар ин минтақа санҷиши хидматӣ оғоз шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ахиран сокинони Рашт ба телефони боварии вазир, 2 21 21 21 занг зада, аз ришваситониҳои Ҳайитов, корманди БДА дар шаҳраки Навобод шикоят кардаанд. Ба иттилои манбаъ дар пайи ин шикоят нисбати рафторҳои хусусияти коррупсионӣ доштаи нозири БДА тафтишот оғоз шуда, айни ҳол идома дорад.
Вазорати умури дохилӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват намуд, ки шабонарӯзӣ оиди ҳама гуна қонуншиканӣ, ба хусус ҷиноятҳои вазнин аз қабили таҳрибкорӣ, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ ва ё террористидошта, одамкушӣ, одамрабоӣ ва инчунин, нисбати фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба телефони боварии вазир арз намоянд ва расидагӣ ба он бевосита таҳти назорати вазири корҳои дохилӣ қарор хоҳад гирифт.
Ин ниҳод мегӯяд, дар моҳи сентябр ба телефони боварии вазир 48 нафар муроҷиат кардаанд, ки бисёрашон ба шаҳри Душанбе рост меояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |