2:0. Имсол “Истиқлол” “Регар”-ро шикаст дод ва соҳиби Ҷом шуд

Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013, ки шоми 5 октябр дар варзишгоҳи “Пахтакор” бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рӯбарӯ омад, бо 2 голи бе ҷавобаш пирӯз шуд ва ҷоми мусобиқотро cоҳибӣ кард. Ин барои бори севум аст, ки дастаи "Истиқлол" дар мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон пирӯз мешавад.
Ҳардуи голи ғолибонро Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаҳои 44 ва 70-и сабқат ба ҳадаф расонд. Дар поёни сабқат ба футболбозону мураббиёни “Истиқлол” ба ҷуз аз Ҷоми Тоҷикистон – 2013, инчунин, медалҳои тило тақдим гардид.
Ба бозигарону мураббиёни дастаи “Регар-ТадАЗ” нишонҳои нуқра ва ба доварони бозӣ низ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Истиқлол” соли гузашта низ дар бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2012 рӯзи 5 октябр дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” рақобат намуда, замони асосии бозиро мусовӣ 1:1 анҷом дода буданд. Дар натиҷаи зарбазаниҳои 11-метра "Регар-ТадАЗ" бо ҳисоби 6:5 ва бо ҳисоби умумии 7:6 ғолиб омада, Ҷоми Тоҷикистон-2012-ро ба даст оварда буд.
Ёдовар мешавем, мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 ин ҷониб баргузор мешавад. То кунун дастаи “Регар-ТадАЗ”, аз ҳама бештар, 6 бор соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шудааст. Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд се бор, дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе, “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ ҷоми Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. Дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ барандаи Ҷом шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |