Бохтар-46: "Убайдуллоев гуфта буд, Шуморо дар нимароҳ намегузорам" (АКС)
Нилуфари КАРИМ
Саҳомони бинои баландошёнае, ки дар кӯчаи “Бохтар-46”-и Душанбе қомат афрохта, вале сохтмонаш бар асоси Генплан қатъ шудааст, изҳори норизоӣ карданд. Онҳо рӯзи панҷуми октябр дар як нишаст эълон доштанд, ки базудӣ барои додхоҳӣ пушти дари Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, хоҳанд рафт.
Қодир Сатторов, яке аз онҳост, ки мегӯяд, барои манзили сеҳуҷрагӣ дар ин бино 67 ҳазор доллар пешпардохт кардааст. Вай мегӯяд, дар сурати тахриби ин бино ва ё табдили он ба бинои маъмурӣ умеду орзуҳояш барбод рафта, намедонад ин миқдор пулро аз куҷо пайдо мекунад: “Дар километри ҳафтуми ноҳияи Шоҳмансур хона доштам. Аммо ба хотири он ки аз маркази шаҳр ва аз бинои ба таври замонавӣ сохта шуда хона харам, онро фурӯхтам. Пеш аз пардохт намудани маблағ мо тамоми ҳуҷҷатҳои сохтмони биноро дида баъд шартнома бастем.”
Ахиран Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, қарор кард, ки сохтмони биноҳои баландошёна дар маркази пойтахт қатъ гардад. Аммо соҳибони бинои баландошёна дар кӯчаи “Бохтар-46” мегӯянд, қатъи сохтмони ин бино даҳҳо оиларо, ки ба онҳо барои бунёди манозили баландошёна пул додаву ду сол боз бо умед интизори анҷомёбии онанд, бехонаву дар хоҳад гузошт. Шукур Мансуров, роҳбари бинои “Бохтар-46”, дар сӯҳбат бо мо гуфт, пеш аз оғози сохтмони бино қарори шаҳрдорӣ, иҷозатномаи архитектура, хулосаи Оҷонсии сохтмон ва меъмориро дарёфт карда, инчунин зиёда аз 13 мақомоти давлатӣ дар ҳуҷҷати онҳо муҳр гузоштаанд: “Ҳангоме овоза шуд, ки бояд сотмони бинои мо боз дошта шавад, ба ман чанд бор аз ҳукумати шаҳр гуфтанд, ки Убайдуллоев ягон бори дар сари вазифа буданаш қарори баровардаашро лағв накардааст. Агар вай барои ягон сохтмон иҷозат дода бошад, сохтмон то охир сохта мешуд. Ман бо раиси шаҳр дар як ҷаласа пурсидам, ки чӣ кор кунам, агар бино сохта нашавад саҳомон маблағашонро аз ман мепурсанд ва ҳамаи маблағ барои сохтмон сарф шуда истодааст. Раиси шаҳр ба ман гуфт, мо Шуморо миёни роҳ намегузорем. Ман, ки қарор бароварда бошам, бино сохта шавад, ҳатман сохта мешавад. Ин қарори ҳукумат аст.”
Оқои Мансуров инчунин гуфт, танҳо барои сохтмони 7 ошёнаи бинои “Бохтар-46” тақрибан 5 миллион доллар харҷ кардаанд. Ин бино аз сӯи ширкати туркии “Трас иншаат LTD” бунёд мешавад, ки тамоми маҳсулоти сохтмонӣ ва қисме аз сохтмончиёнаш ҳам аз Туркия оварда шудаанд. Ҷамолиддин Урал, роҳбари бахши молии ширкати мазкур, гуфт, “айни ҳол 7 сохтмончии мо аз Туркия дар Душанбе ҳастанд, ки баъд аз боз доштани сохтмони бино бе кор гаштаанд. Хароҷоти онҳо пешакӣ пардохт шудааст. Аз бекорӣ ва интизорӣ чанд нафарашон ба ватани худ баргаштанд. То иҷозати идомаи сохтмонро гирифтан, сохтмончиёни тоҷикро ҷавоб додем, то ки бе кор намонанд.”
Як моҳ пештар Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Душанбе, дар доираи нақшаи генералии шаҳр, ки аз ҷониби муассисаи «Гипрогор»-и Маскав таҳия шудааст, қарор намуда буд, 36 бино аз маркази Душанбе бардошта шаванд. Тавре аз шаҳрдорӣ ба “Озодагон” иттилоъ дода буданд, “дар доираи ҳамоҳангсозии бинову иншооти атрофи майдони «Дӯстӣ» 36 бино дар кӯчаҳои Рӯдакӣ, Бохтар, Руставели, Пушкин ва Теҳрон бардошта мешаванд. Аз ҷумла, тахриби бинои “Тоҷиктелеком”, бинои раёсати муҳофизати ғайриидоравӣ, бинои маъмурӣ ва дафтарҳои корӣ, бинои маркази Фалак (осорхонаи Гурминҷ Завқибеков), додгоҳи Исмоили Сомонӣ, биноҳои маркази варзишии “Таэквандо”, мағозаю қаҳвахона, Додситонии шаҳри Душанбе, сафоратхонаи Эрон, бинои вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ҳудуди 22 бинои истиқоматии аз 1 то 4-ошёна дар назар аст.”
Шаҳрдорӣ дар қарори худ аз масъулин хоста буд, соҳибони биноҳои чаппашаванда огоҳ гарданд ва ҳаққи қонунии онҳо дар сатҳи зарурӣ ба онҳо дода шавад. Таъкиде, ки саҳомони биноҳо ба он бо як нобоварӣ менигаранд ва мегӯянд, аз эҳтимол дур аст, ки мақомот тамоми пули онҳоро баргардонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |