Сарнишини автомошинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» суръати воситаи нақлиётро баланд намуда аз ӯҳдаи идораи он набаромадааст.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, Дадоҷон Абдукаримов 26 сола, аснои ҳаракат дар ҷодаи Конибодом-Деҳмой, дар ҳудуди ҷамоати Лоҳутӣ суръати воситаи нақлиётро баланд намуда, дар тарафи чапи роҳ пиёдагардон Фирӯз Шарипови 19- сола, Мурод Турсунови 23- соларо, ки истиқоматкунандаҳои ҷамоати Лоҳутӣ, деҳаи Қаракчиқум буданд, пахш кардааст. Дар натиҷа Фирӯз Шарипов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта ба ҳалокат расидааст, вазъи Турсунов дар каслхона ваҳим арзёбӣ мегардад.
Мӯҳр