Weekend дар "Озодагон": Шоу-бизнеси бе дару дарвоза? (ВИДЕО)
Шоу-бизнеси тоҷик зоҳиран дару тиреза надорад. Ҳар касе хоҳад, меҳмон мешавад ва ҳар чӣ дорад, дастовез меорад.
Мо ҳам бо дасту остини барзада ба ин майдон омадем ва он қадар булаҷабиҳое дидем, ки як ба як онҳоро ба Шумо хоҳем гуфт. Аммо ба навбат. Нахустин чизе ки моро мутаасир карду ҳоло ба Шумо ҳам мегуем, овозҳои “алмосӣ” аст.
Ин бахш аз сарояндаҳое иборат аст, ки садои ғайриоддӣ, бо мусиқии ночаспон ва фарқкунанда доранд. Фарқкунанда ба ин маъност, ки таваҷҷуҳи дилхоҳ шунавандаро зуд ба худ ҷалб мекунанд.
Сегонаи ин рейтинг аз миёни 10 клип интихоб шуд. Онҳое, ки вориди рӯйхат нашуданд, шояд ҳанӯз шонси “ситора”-и шоу-бизнес буданро доранд. Ба ҳар ҳол, ин рейтинг ё ҷобаҷогузории садоҳо ғайрирасмист. Агар, мабодо, бо мо розӣ набошед ё пешниҳоди дигар доред, пас, назари худро дар пайи ин матлаб дар сайти www.ozodagon.tj бинависед!
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |