Пешниҳод ва ҷонибдории Маскав аз роҳи оҳане, ки қаламрави Узбакистонро давр мезанад
Маскав дар баррасии стратегияи Созмони ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC) тарҳи бунёди роҳи оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистонро пешниҳод кард.
Лар иҷлоси охири Шӯрои муштараки ҳамоҳангии ҳамлу нақл ва гумрук дар чаҳорчӯби CAREC , ки авохири моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуда, дар он стратегияи ин ниҳоди минтақавии иқтисодӣ то соли 2020 баррасӣ гардид.
Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, мақомоти рус гуфтаанд, лоиҳаи пешниҳод намудаи онҳо идоимаи тарҳи бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Туркманистон-Афғонистон мебошад. Вазора мегӯяд, ҳоло бояд тамоми ҷонибҳо тарҳи бунёди роҳи оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистонро баррасӣ карда, хулосаҳои баровардаи худроо ба CAREC пешниҳод намоянд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи онҳо ҳукумати Тоҷикистон хулосаҳои худро алакай ироа кардааст.
Сафар Исҳоқов, мудири шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи раисиҷумҳури Қирғизистон қаблан аз баррасии сохтмони роҳи нави оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон дар Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳоди гумрукӣ ва дар сатҳи кишварҳои СПАД хабар дода буд. Ӯ гуфта буд, ин роҳи нав ташаббуси Қирғизистон буда, ба манофеи ҳамаи кишварҳост: “Тариқи ин роҳ имкон дорад дар оянда аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва Эрон низ рафтуомад таъмин гардад. Имрӯз аллакай асоснокии техникию иқтисодии пешакии роҳи оҳан аз Русия то Тоҷикистон дар ҳоли анҷомёбист. Ин лоиҳа бисёр ҷиддист.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |