Бахшҳо

VIDEO: Бобои Файз дар бораи "Очата бугу", дӯстӣ бо президент ва рэп

Файзиддин Сулаймонов, маъруф ба Бобои Файз, ки чанд соли охир бо таронаи “Очата бугу” маъруф аст, ният дорад, таронаи наверо бо номи “Аммаи ман хушрӯай” ба бозор барорад. Ӯ гуфт, ҳоло 73-сола аст ва аз он ки дар пиронсолӣ мавриди таваҷҷуҳи раисиҷумҳуру сокинони одӣ қарор гирифтааст, хушҳол мебошад.

Аммо Бобои Файз хабари мулоқоти рӯбарӯяш бо раисиҷумҳури Тоҷикистон ва, ҳамин тавр, тақдими як манзили истиқоматӣ дар маркази Душанбе аз сӯи ӯро рад кард. Агарчӣ, ба гуфтаи вай, онҳо аз даврони ҷавонӣ дар Данғара бо ҳам ошноянд: “Дар он вақт ман дар театри Данғара ҳунарнамоӣ мекардам. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба ҳайси раҳбари колхоз кор мекарданд ва маҳорати маро медиданду бо ҳамдигар рафиқ шудем. Маро ҳамчун директори лагери “Сайёд” интихоб карданд ва баъдан аз ҳамин ҷо ба нафақа баромадам.”



Мусоҳиби мо мегӯяд, дар чанд соли пеш ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуда ва пеши худ мақсад гузошта буд, дигар таронасароӣ намекунад. Аммо ба қавли Бобои Файз, вақте бо раисиҷумҳур дар ифтитоҳи нақби “Шаршар” вохӯрд, тасмимашро сарфи назар кард: “Аз ман пурсиданд: суруд мехонӣ, ё не? Фикр кардам, сурудхонии ман ба ягон кас халалу зарар намерасонад. Баъдан таваҷҷуҳи саросарӣ дар кишвар маро дубора дар санъат зинда кард ва оҳиста-оҳиста роҳ ба сӯи телевизионҳо ҳам кушода шуд.”

Бобои Файз мегӯяд, дар хурдӣ аз падар маҳрум монда, зери дасти модар ва падарандар тарбия ёфтаааст. “Баъд маро ба хона-интернати Файзобод супориданд. Ман дар он ҷо дар маҳфилҳо сурудхонӣ карда мегаштам. Дар як озмун иштирок карда, пирӯз шудам ва ба мактаби мусиқии Душанбе омадам”,-нақл кард ӯ. Вай дар идома ба таърихи пайдошавии таронаи “Очата бугу” ҳам дахл кард ва гуфт, “дар ҷавониям ба як духтар дил бастам. Мо оила барпо карданӣ шудем, аммо модари он духтар розӣ нашуд. Маро дар кӯчаҳо медид, мегуфт, “духтарамро ба ту намедиҳам”. Дидам, ки модараш кори моро вайрон кард, ҳаҷви “Очата бугу”-ро эҷод кардам ва ин ҳаҷв ба халқи кишвар ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, писанд омад. Раисиҷумҳур баъдан ба Убайдулло Раҷабов гуфтанд, ки ин ҳаҷви “Очата бугу” матнаш ба шоирон пешниҳод карда шавад ва бо каме тағйирот бояд дуэт кунем.”

Файзиддин Сулаймонов гуфт, баъд аз он ки расиҷумҳур дар мазҳари ом таваҷҷуҳаш ба таронаи ӯро баён дошт, муносибати мардум ҳам ба ӯ тағйир кардааст: “Акнун мардум маро ба тӯю маъракаҳояшон зиётар даъват мекунанд, то ман ҳаҷве барояшон сароям.” Бобои Файз ба суоли он ки агар мабодо ӯро барои иҷрои як таронаи рэп даъват бикунанд, чӣ хоҳад гуфт, ҷавоб дод. “Рэп моли мо нест, агарчӣ ба ҷавонон хеле мақбул аст. Мусиқии мо Шашмақом аст”,- гуфт ӯ.

Бобои Файз мегӯяд, ҳарчанд таронаҳои ҳаҷвӣ месарояду дар пеши мардум ҳамеша лабонаш пурханда аст, вале ӯ ҳам мисли ҳазорон сокини дигар дарду андӯҳи худро дорад. Вай махсусан аз вазъи ҳамсараш ёдоварӣ крад, ки даҳ сол боз бемор будааст. “Вале бо ин ҳама ман ҳаргиз хаста намешавам ва талош мекунам, бештару бештар эҷод кунам”,-афзуд ӯ.
Мӯҳр
Хочи ба Шумо намезебад. Пириву хартози. Худои худро зикр кун набошад дар киёмат чавобаш дахчанд аст.

Санъатшинос
Ингуна «хофизон» бо ин сабку услуби бемаъни, санъати бузурги точикро зери суол карор медиханд.
«Ма имшаб тра мехом» , « Очата бугу» , «Хап к бовар намекккккнм» , «Чабргади лабргади, лабргади лу» ин шуд санъати точик? Хайфи захматхои Одина Хошим, Зафар Нозим ва дигар устодони асил.

komik
Boboi vauz vakti tavbavy nadomst rasidast.

кулоби
чанд соли пеш ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуда ва пеши худ мақсад гузошта буд, дигар таронасароӣ намекунад. Аммо ба қавли Бобои Файз, вақте бо раисиҷумҳур дар ифтитоҳи нақби “Шаршар” вохӯрд, тасмимашро сарфи назар кард:
Барои призидент хафа нашава бгу туйгардиро сар кардам ??? Хатман хамрохат ягон ракоссаи дигара бигир дигар дар туе диринг диринг паро парро бубин.Вой бар холат хонаи худоро зиерат кардиву холо хам аз рохи гунох нагаштай.

бехабар
Санъатшинос, Братан хохем -нахохем Зафару Одина ва хатто А.Зохир кухна шуда мераванд. Зафари рахматий як гапи хуб гуфта буд, ки "мо бо мухлисонамон якчоя пир мешавем" Бале, имруз чавонон озоданд ва дар сабки сабуки озодй таронаву рэпсаройи мекунанд.

Искуствовед
Ин фолклор аст. Ҳар халқ фолклори худро дорад.
Бигзор бошад.
Ҳар кас ҷавоби худро дар гур худаш медиҳад ва Қозӣ танҳо яктост. Баъзе фанатикҳо ин ҷо мехоҳанд мисли толибҳо ба мо роҳи дурустро нишон диҳанд ва гӯё бо тавбаву надомат ҳатман биҳишт мерафта бошӣ.

Озодагон Мо медонем ки хадафи шумо хама корро чаппа карда мукобили Чаноби Оли навиштан аст Бас будагист аз дастовардхо хам ягон-ягон нависед

Daler
In yagonxel san'at yo folklor nest. In yak beaqli ast. Har insone ki inro qabul dorad ixtiyorash . Har kas ta'bu zavq dorad . Man inro sharmandagi mehisobam.

Фаррух
саид,
Саидбой дастовардхо факат дар руи варак бошанд ин бечора рузноманигорхо чиро нависанд? wink

А
Бобои акалан таронахои бомаьни аз эчодийоти шоирони бузурги мо хон агар дилат завк дошта бошад.хофизи дар ислом маьн нест агар сурудхои хуб хони

777
Троонахои БОбои Файз инъикоси санъати точик.... Куллаи баланди завки мо... Маданаияти мо.. Чахонбинии мо... Таърихи натарин.... Савол ин аст,ки баъд аз 15 20 сол ба ин таронахо (ганчинаи санъат)бо кадом нуктаи назар менигаранд.... Ба хар хол бозёфти Президенти кишвар хеле хуб аст... Ханда умри шахсро дароз мекунад,аллбатта.... Лекин бисёрихо мегиряд...
Шояд аз хад зиёд сахтгирем...

молодец бобойи Файз давом дех кори худро инхоро гуш накунед

а
Бобои Файзда гав нестай. Бовари дорум лубой конкурси байналхалки бариш чои якума мегира.

крумбов
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)