Истиқболи Абдуҷаббор Раҳмонов ва Олим Бобоев аз тасмими ҲХДТ
Баъд аз поёни Анҷумани 11-уми Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки рӯзи чоруми октябр дар Душанбе баргузор шуда, Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар номзади худ дар интихоботи президентӣ интихоб кард, баъзе аз тарафдорон ва мухолифонаш изҳори назар карданд.
Ҷӯрахон Бӯриев, раҳбари дастгоҳи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, гуфт, ҳизби онҳо дар маҷмӯъ 230 ҳазор узв дошта, дар анҷумани 11-ум беш аз ҳазор вакил ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон раъй додаанд. Чун, ба гуфтаи ӯ, “Эмомалӣ Раҳмон дар ҳизби мо алтернатива надорад.” “Мо бори дигар раҳбари худро барои ширкат дар маъракаи муҳими сиёсӣ пешбарӣ кардем”,-афзуд ӯ.
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири собиқи маориф ва ҳоло раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, мегӯяд, аз пешбарии номзадии Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунад. Ба гуфтаи ӯ, бори дигар пешбарӣ гардидани номзадии оқои Раҳмон барои ширкат дар интихоботи президентӣ “ин амали хирадмандона аст”. “Мо дидем, ки чӣ гуна бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти зиёд дар бахши маориф ҷорӣ шуд. Барои мисол, муассисаҳои таълимӣ бо фанновариҳои муосир таъмин шуд, қабули қонуни масъулияти падару модар ва боз шудани муассисаҳои ҷадиди таълимӣ нишони ин заҳматҳои президент мебошад. Ташкили стипендияи “Дурахшандагон” низ аз ғамхориҳои президенти кишвар дар бахши маориф аст”,-таъкид кард Раҳмонов. Вай баръакс аз волидон интиқод кард, ки сабаби камсаводии фарзандони худ мешаванд.
Олим Бобоев, раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва яке аз номзадҳо ба мақоми президентӣ, ки дар анҷумани ҳизби ҳоким иштирок дошт, гуфт, дар умум аз баргузории анҷуман ва масоили матраҳшуда, қонеъ аст: “Пешбарии номзадии Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботи президентии соли 2013 мусбат қабул кардам. Албатта, иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ин интихобот рақобатро бештар мекунад ва ҳамзамон як баҳс ва фазои созгорро ба вуҷуд меорад.” Оқои Бобоев дар идома гуфт, бештар ба нуктаҳои иқтисодии барномаи ҳизби ҳоким таваҷҷуҳ кардааст, зеро ин нуктаҳо яке аз самтҳои аслии фаъолияти ҳизби онҳо низ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, барои бори чорум дар интихоботи президентии Тоҷикистон иштирок мекунад. Ӯ то кунун дар се интихоб иштирок карда ва бар рақибонаш дастболо шудааст. Дар маҷмӯъ, вай бештар аз 20 сол боз зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар даст дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |