Оилаи Баҳромиддин ва ВКД барои созиш розӣ нашудаанд
Имрӯз, 4-уми октябр, баҳси рӯёндани 180 ҳазор сомонӣ ҷуброн аз Вазорати умури дохилӣ ба нафъи хонаводаи Баҳромиддин Шодиев, ки соли 2011 дар пайи боздошти маъмурони милиса фавтида буд, дар додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт оғоз шуд. Дар мурофиаи нахустини ин қазия, раисикунандаи парванда, додрас Раҷабов Ҳотамҷон ба хабарнигорон иҷозаи иштирок дар мурофиаро надодааст ва баррасии парванда бо иштироки Ниёзбӣ Бӯриева -- модари Баҳромиддин Шодиев ва панҷ намояндаи ВКД пушти дарҳои баста сурат гирифт.
Гулчеҳра Холматов, вакили мудофеи наздикони Баҳромиддин Шодиев, ба “Озодагон” гуфт, қаблан намояндагони ВКД пешниҳод намуданд, ки ин масъала тариқи созиши ҷонибҳо ҳал гардад, "аммо имрӯз аз созиш даст кашиданд." Модари Баҳримиддин низ пешниҳод дар мавриди созиши ҷонибҳоро рад карда, дар суҳбат ба "Озодагон" таъкид намуд, ки "гап сари маблағ нест. Ман мехоҳам дастандаркорони марги писарам донанд, ки ҳар бадрафторӣ ҷазо дорад ва онро такрор накунанд."
Додгоҳ баъд аз чор моҳи муроҷиати Ниёзбӣ Бӯриева -- модари Баҳромиддин Шодиев билохира баррасии ин қазияро ба баррасӣ гирифтааст ва мурофиаи навбатиро, ба далели ҳузур надоштани як шоҳиди парванда ба ҳафтаи оянда вогузор намуд. Баҳромидин Шодиеви 28-сола моҳи октябри соли 2011 аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Шоҳмансур бо иттиҳоми дуздӣ боздошт шуда ва пас аз даҳ рӯз дар беморхонаи Қарияи Боло даргузашт. Наздикони ӯ мегӯянд, маъмурони милиса Шодиевро латту кӯб карда, ба марг расондаанд.
Ин дар ҳолест, ки моҳи марти соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро муваззаф намуд, ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов, як сокини Душанбе, ки ӯ ҳам дар пайи боздошти маъмурони пулис фавтида буд, беш аз 46 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт кунад. Ин миқдор маблағ ба унвони ҷуброни маънавии марги Сафаралӣ Сангов ҷудо карда мешавад, ки моҳи марти соли 2011 бо ҷароҳатҳои вазнин аз шӯъбаи дувуми милисаи ноҳияи Сино ба бемористон оварда шуд, аммо баъди 4 рӯз даргузашт.
Инчунин ҳамсари Исмоил Бачаҷонов, як маҳбуси фавтидаи дигар, аз идораи зиндонҳои Вазорати адлия 30 000 сомонӣ товон рӯёнда буд. Ҳамаи ин ҳодисаҳо аз пурсарусадотарин мавридҳое буданд, ки мавзӯи шиканҷа дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистонро расонаӣ кардааст. Дар маҷмӯъ, то имрӯз се мавриди аз мақомот ҷуброн хостани хонаводаҳои онҳое маълум аст, ки дар шароити боздоштгоҳ ё зиндон даргузаштаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |