Ҳамин лаҳза дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бозии ҷавобӣ миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Сурия оғоз шуд.
Ориф Ҷӯраев, раиси доварони федератсияи футболи Тоҷикистон ба «Озодагон» гуфт, ҳайати доварон аз ҷумҳурии Қирғизистон интихоб шудаанд. Комисари ин дидор аз Баҳрайн буда, нозир аз ҷумҳурии исломии Эрон аст.
Ёдовар мешавем, бозии дастаҳои миллии Тоҷикистону Сурия дар чорчуби даври интихобии Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки соли 2014 баргузор мешавад, сурат мегирад. Дар дидори аввал, ки бо иллати вазъи нохуби амниятии Сурия дар Урдун баргузор шуд, тими Тоҷикистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Барои ба даври минбаъда роҳхат гирифтани Тоҷикистон бозингарони моро зарур аст, ки рақиби худро бо ҳисоби 1:0 шикаст бидиҳанд. {jathumbnail off}
Мӯҳр