Бахшҳо
04 окт 2013 10:13Тоҷикистон / Сиёсат

Э.Раҳмон: “Агар аз боварии мардум набаромада бошам, қадр мекунанд”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло дар бораи пешбарии номзадиаш ба мақоми президентӣ ризоият надодааст ва дар сурати пешниҳод шудан ҳам мардуми тоҷик медонанд киро интихоб намоянд.

Оқои Раҳмон, ки рӯзи 3-юми октябр зимни вохӯрии худ бо сокинони шаҳри Ваҳдат дар ин бора ҳарф мезад, гуфт, агар аз боварию эътиқоди мардуми тоҷик набаромада ва барои онҳо хидмате карда бошад, шаҳрвандони Тоҷикистон ӯро қадр хоҳанд кард: “Дар бораи шахсияти ман агар гап равад, ман фикр мекунам, мардуми кишвар хубу бад, рафтори неку зиштро мефаҳманд.”

Раисиҷумҳур таъкид дошт, ҳеч гоҳ ба қонуншиканӣ роҳ надодааст ва нахоҳад дод: “Ман даст болои Конситутсияи Тоҷикистон монда савганд ёд намудаам, ки ба қонуншиканӣ роҳ намедиҳам. Ман ҳоло ваколатам ҳаст.”

Эмомалӣ Раҳмон дар идома илова намуд, ҳоло аҳзоби сиёсӣ номзадҳои арзандаи худро ба мақоми президентӣ ба интихоботи моҳи ноябр пешниҳод намудаанд ва ҳама фарзандони ин кишваранд ва мардуми тоҷик бояд ҳуқуқи конситутсионии худро истифода карда, озодона овозашонро ба фарди дилхоҳ диҳанд: “Мо бояд имрӯз гӯем, ки чӣ кор кардем ва чӣ мушкилот дорему кадом корҳоро кунем, ки зиндагии халқамон беҳтар мешавад. Дар зиндагиамон кадом камбудиҳо ҳаст.”

Эмомалӣ Раҳмон, ки 61 сол дорад, то кунун дар се интихоботи президентии Тоҷикистон иштирок карда, баранда шудааст. Вай то замони такя задан ба ин курсӣ ду сол раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ҳам буд. Дар сурати иштирок ва пирӯзӣ дар интихоботи шашуми ноябри соли ҷорӣ вай барои бори чаҳорум раисиҷумҳури Тоҷикистон интихоб хоҳад шуд.
Мӯҳр
Як чахон ташакур вакти рвфтан шуд чаноб дигар афсонаи бузаки чингилапоро накл кардан ба мо лозим нест...

Гуфтӣ, ки кори халқ ба сомон шавад, нашуд,
Кишвар зи адлу дод гулистон шавад, нашуд.
Ҳар ҷо ситамкашест, раҳад аз бало, нараст,
Ҳар ҷо, ки золимест, ба зиндон шавад, нашуд.
Гуфтӣ, зимоми кор чу дар дасти мо фитод,
Бисёр мушкилот, ки осон шавад, нашуд.
Гуфтӣ ба ҳукми ақлу шариат аз ин сипас,
Кишту замину об зи деҳқон шавад, нашуд.
Гуфтӣ, маҷоли ҷилва ба ноҳақ намедиҳам,
То ҳақ чу офтоб намоён шавад, нашуд.
Гуфтӣ, хилофи расму куҳан дар замони мо,
Мизон-рутбаи донишу имон шавад, нашуд.
Гуфтӣ, ба рағми хоини худкома баъд аз ин,
Даврон ба коми ходими Тоҷик шавад, нашуд.
Кохи ситам, ки кунгура зи чарх бурдааст,
Миллат дар интизор, ки вайрон шавад, нашуд.
Озода шуд забуну ҷафо диду дам назад,
Бар бӯйи он ки вазъ дигарсон шавад, нашуд.
Халқе бад-он умед, ки бемори мамлакат,
Дарвеш аз давои ту дармон шавад, нашуд.
Марди газофаиву ба гуфтор беамал,
Пиндоштӣ, ки кор ба сомон шавад, нашуд.

кулоби
Раисиҷумҳур таъкид дошт, ҳеч гоҳ ба қонуншиканӣ роҳ надодааст ва нахоҳад дод: “Ман даст болои Конситутсияи Тоҷикистон монда савганд ёд намудаам, ки ба қонуншиканӣ роҳ намедиҳам

Мо медонем ки касам хурдед вале дар касами худатон вафодор намондед.

“Мо бояд имрӯз гӯем, ки чӣ кор кардем ва чӣ мушкилот дорему кадом корҳоро кунем, ки зиндагии халқамон беҳтар мешавад. Дар зиндагиамон кадом камбудиҳо ҳаст.”

Ба фикрам барои ин суханхоро амали кардан барои шумо дер шуд дар 21 сол ба ед наовардед дар вакти интихобот ба ед меоред ки он хам фиреби халк аст чун пешинахо.

Чаноби Оли рост мегуянд. Мардум худашон он касро кадр мекунанд. Кош он кас низ ин мардумро кадр мекарданд, ана он гох олам гулистон мешуд

у
Аз боварии мардум кайхо боз баромадаи. Барои мардум чи кардаи ки ба ту бовар дошта бошанд? Танхо "чойхои кори" дар Россия мухайо карди. Зинда бод такаллубкори.

Кадом коонун ношикаста монда бошад?

Ачиб дунёе.
Дар точикистон дигар одам намонд хамаро ба росия бадар ва зери зулми рус карор додан.

Киро гузоштен ягон хидмати халк кунад?

Хатто созмонхои хайрияро хам намондед мардуми мурдаро начот дихад.

Шарм нокарда гапхоро бинед.

Чаноби Икс
"..Ман холо ваколатам хаст". Ачиб

диловар
яьне касам ед кади конунро барои мардуми дехкон меброри неке ба худат дахл надора, конуни туйро меброри 3соат неке хдт туй мекни 5 соат, хаминтур ваколатдор хасти мухтарам чаноб? холо у фишорхои болои ХИЗБХОи сиесиву мардуми дехкон яктараф истад!ачабо боз мегуяд конуншикани накардааст, аз ин зиед конуншикани магар хаст?

чаноби рахмон хубаш ки номзадита намон, мо дига намехохем 7 соли дига бе свету бе ов бошем,!

Зез
Мадрдум пешрави мехоханд, мардум дар ватани худ чойи кор мехоханд, мардонавор бояд рафт мардум намехоханд Шуморо барои бароварда кардани ормонхои миллат як шахсати нав ва камандаи нав даркор вагарна 7 соли дигар дар ботлок мегутем. оги рахмон пешниходи ту айри конунис бо шарм накарда дар чашми марду хок мепошед ман кафолати конун гуфта!

Иктисодчи
Камбудихое,ки дар 20-соли рохбарии Э.Рахмон хали худро наёфтаанд. Бекории кисми зиёди мардум ва ба мухочирати мехнати руй овардан, порагири дар тамоми макомотхои далати, бебарки дар фасли зимистони сард дар тамоми каламрави Чумхури, ноадолати дар макомотхои хифзи хукук ва додгоххо, набудани озодии баён ва сухан, хешутаборчамъкуни дар вазифахои давлати ва махалгарои, монополияи сохибкори аз тарафи шахсони наздик ба Раиси Чумхур, гузаронидани интихоботхои ношаффоф ва гайри демократии вакилони мардуми ва ба макоми Раиси Чумхур, нафака ва маошхои паст, шиканча дар муассисахои ислохоти ва паст задани шарафи инсон, роххои пулаки ва набудани роххои алтернативи, нархи баланди сузишвори ва маводхои гизои,камбизоати ва факр, сатхи пасти маориф ва тандурусти, андозхои дандоншикан, фоизхои баланди карзи бонки ба сохибкорон ва мухлати кутохи баргардонидани карз ва г.х

халима
шумо кайхо аз боварии мардум баромадаед аммо чи илоч хамаи хукукхои инсонии мардуми точикистон дар дасти худи шумост чи ки хохед мекунед

Дилсуз.
чи даркор дуругуи? Бо шарм надошта мегуи конуншикани накардаам ва нахохам кард? Хайфи хамун овозхое,ки мардуми мусалмон бар ту додаанд. Агар конуни давлатро нашикаста боши лек конуни Худоро онкадар шикастаи ки хад надорад! Бие бо хамин обруят аз мансаб даст кашу мисли Б. Н. Елсин кахрамон шуда рав. На мисли Муаммар Казофи шармандаи ду дуне шида рави бекадру кимат. Худованд Бобоназароваро пирузу нусрат дихад то раисичумхури мо шавад дар ин рузи саиди чумъа омин.

Сироч
Мардум аз хамаи рафторхои шумо ва ахли хонаводаатон бохабаранд ,ки ба чи хол овардаед ин миллатро аммо замин сахту осмон баланд.Факат вадахои подархаво ва шиорхои ноичрошаванда .

А
Ончи айон аст, хочат ба байон нест.ин хама камбудихоро чаноб намедидаву намешуниди бошанд?о камбудихо чи хеле 15сол пеш будан хамунхо хастан акалан бо барк ахоли таьмин нестан дар фасли сармо бо ин рогун кай сохта мешавад касе намедонад.. .......-

Сангак
Аз боварии мардум барвакт баромадаед, мардум ба рохбари адолатпарвару озодихох ва дар хакикат мардуми ниёз дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)