Шаҳрванди дар одамфурӯшии муттаҳами Узбакистон аз Русия ба ватан истирдод шудааст
Бахтиёр Ҳоҷиев, як шаҳрванди Узбакистонро, ки дар Русия ҳамватанони худро бидуни пардохти маблағ кор мефармудааст, ба ватан истирдод кардаанд.
Ӯ, ки дар одамфурӯшӣ муттаҳам мешуд, аз сӯи мақомоти марбутаи Узбакистон дар пайгарди қонунӣ қарор дошт. Гуфта мешавад, моҳҳои март-апрели соли 2012 Ҳоҷиев ва ҳампаймонҳояш ду ҳамватани худро барои кор ба Русия даъват мекунанд. Баъдан, шиносномаҳояшонро гирифта, бо зур ва таҳдид маҷбурашон мекунанд, бе музд дар сохтмони иншооте дар вилояти Маскав кор кунанд.
Ҳоҷиев моҳи майи соли 2013 боздошт шуда ва моҳи сентябр прокуратураи генералии Русия қарори ба ҷониби Узбакистон таслим кардани ӯро содир кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |