ҲКТ ва ҲДТ хостори дароз кардани муҳлати имзоҷамъкунӣ шудаанд
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) мегӯяд, дархости тамдиди муҳлати имзоҷамъкунӣ ба тарафдории номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳурро дарёфт карда, айни ҳол баррасӣ доранд.
Абдуманон Додоев, раҳбари дастгоҳи Кумисюни марказии интихобот 3 октябр ба “Озодагон” гуфт, “айни замон ба мо аз Ҳизби коммунист ва Ҳизби демократ ариза пешниҳод шудааст, ба ин маъно, ки маъракаи имзоҷамъкунӣ дароз карда шавад.” Додоев афзуд, КМИР дар ин масъала то охири ҳафтаи равон хулосаи худро, ки маъракаи имзоҷамъкунӣ дароз карда шавад, ё не баён хоҳад кард: “Айни ҳол анҷоми маъракаи имзоҷамъкунӣ ба тарафдории номзадҳо 7-уми октябр мебошад.”
Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, 4 октябр анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон баргузор мешавад. Усмон Солеҳ, сухангӯи ин ҳизб, дар як суҳбаташ гуфта буд, дар ин анҷуман тақрибан 1000 вакил иштирок ва дар он номзади ҳизбро ба мақоми президентӣ интихоб хоҳанд кард. То кунун Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҲХДТ, ба ҳайси номзади ин ҳизб дар се интихоботи президентӣ иштирок ва баранда шудааст.
То кунун Иттифоқи ҷавонону Федератсияҳои мустақили иттифоқҳои касаб ва шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон анҷумани пешазинтихоботии худро баргузор ва номзади худро мушаххас кардаанд. Аммо ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфтааст, анҷумани худро рӯзи 12 октябр баргузор хоҳад кард. Масъулони ин ҳизби мухолиф гуфтанд, ҳоло онҳо ба ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки ҲСДТ ҳам шомили он аст, машғуланд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |