Бахшҳо

Раҳмон дар бораи телефон, мошин ва диндорӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 3 октябр дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Ваҳдат бо ёдоварӣ аз афзоиши муроҷиати мардуми ин ноҳия ба Дастгоҳи раисиҷумҳур аз роҳбарияти ноҳия хост, дар қабули шаҳрвандон фаъолтар бошанд.

Ӯ гуфт, роҳбарони ҳукумат дар маҳалҳоро зарур аст, ба қабули шаҳрвандон ва баррасии масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии сокинон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд: “Зеро таҳлили арзу шикоятҳои шаҳрвандон ба Дастгоҳи иҷроияи президент нишон медиҳад, ки танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз аҳолии шаҳри Ваҳдат 240 аризаву муроҷиат ворид гардидааст, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 160 арзу шикоятро ташкил дода буд.”

Оқои Раҳмон дар идома ба аҳамияти қонун дар бораи танзими расму оин пардохт ва афзоиши телефонҳои мобиливу мошинҳоро бори дигар ёдоварӣ кард. Вай азфуд, “дар кишвар теъдоди телефонҳои мобилӣ аз шумораи умумии аҳолӣ зиёд аст ва кам оилае ёфт мешавад, ки автомашинаи сабукрав надошта бошад.” Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, хароҷоти баргузории маъракаҳо ба ҳисоби миёна аз 8 ҳазору 750 сомонии то давраи қабули қонун ба 3 ҳазору 300 сомонӣ паст фаромада, дар давраи иҷрои қонун сокинони шаҳри Ваҳдат ба ҳисоби миёна беш аз 230 миллион сомонӣ сарфа намудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз Қуръони Карим дар бораи сарфакорӣ илова намудааст, “масалан, Ҳазрати Абӯбакри Сиддиқ мефармояд: Ман аҳли хонаводаеро бад мебинам, ки ризқи чанд рӯзашонро дар як рӯз харҷ мекунанд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намудааст, дар шароити пуртазоди кунунӣ бояд сокинони кишвар зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба наврасону ҷавонон қимати озодиву истиқлолият, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро фаҳмонанд: “Вақтҳои охир мушоҳида мегардад, баъзе гурӯҳҳо ва доираҳо аз фазои озоди давлати демократии Тоҷикистон истифода намуда, мехоҳанд мақсадҳои ғаразноки шахсӣ ва гурӯҳии худро дар либоси динӣ ифода намоянд. Ин ҳолат боис ба ҷудоӣ ва парокандагӣ дар байни шаҳрвандон мегардад. Дар ҳоле ки дини мубини Ислом ойини мадоро, сабру таҳаммул ва ваҳдатхоҳиву инсонгароӣ мебошад.”

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, давлати Тоҷикистон ба дини мубини ислом эҳтиром мегузорад, вале ба хотири таъмини амният, оромиву суботи ҷомеа ва осоиши мардуми кишвар пеши роҳи ҳама гуна ҷудоиандозиву тафриқаангезиро қотеъона хоҳад гирифт.
Мӯҳр
Абуҳисом
Мо милёнҳо мардуми Тоҷикистон аз президент борҳо ва солҳост, ки илтимосу илтиҷо дорем, ки Ҳаимн ширкати (ИРС) пулчинаки сари роҳи хонаи моро аз барои Худо бардорад ва моро аз ин зулму маҷбури бо дили ноҳоҳам сумдиҳиро барҳам диҳад ва мо дар интихоботи қарибулвуқуъ тасмим мегирем, ки ҷиҳати халос шдан аз ин ғорату зулм чи кор кнем .

prezidenti mo az hadishoi payombaramon suxanu misol meorand.kabirivu zoirufu bobonazarovavu turazoda az mahalchigi hasudxuri baxeli kursi vazifa misol meorand.

А
Умуман озоди нест,!

hisori
tojik,
Мисол овардан дигар асту ба он амал кардан дигар.

Ватандуст
Ба Точик: Аз хадис мисол овардан ин нишонаи ичрои он хадис ва ё фармудаи Қуръони мачидро надорад. Сухан бо амалаш хуб аст, вагарна, он ба як пули пучак намеарзад. Барои мо аз хама асосиаш ҳукумат бояд адлу додро таъмин намояд ва беадолативу беқонуни, порахурии сартосариро аз байн барад. Мардум хама чизро мебинад ва мехонаду медонад--холо асри 21 асри интернету илмхои нав аст. Барои хамин бо ин лентабурриву боз кардани фермаву богчаи бачагон ва дигар корхои зохирпарастона дили мардумро ба даст овардан мумкин нест. Зеро ботини чомиа хароб шуда ва онро дар дах солу бист сол ва бо ин хукумат дигар кардан гайриимкон аст. онон бо ин пулчамъкуниву ба офшорхо фиристодани пули мо башараи хакконии худро нишон доданд ва имруз ба номзади ислохотхохон бо дилгарми ва мухаббат нигаристани мардум, аз як су, аз он аст, ки Ойнихол Бобоназарова арзандатарин номзад аст ва аз суи дигар агйирот мехоханд ва ба сари кудрат омадани одами нав бо андешахои навро мехоханд

салом хидмати хонандагони азиз!
Ҷаноби Раҳмонов агар махфӣ набошад худатон тӯйи писаратонро бо чӣ кадар пул гузаронидед?

А Чаноби ОЛИ ТУЙИ ХУДРО ДАР ДОИРАИ КОНУНУ БЕ ИСРОФКОРИ ГУЗАРОНДЕД

Мутассифам аз инкӣ ҳатто озодагон ҳам фурухта шудааст.
Ҳайф бар шумо кормандони ин шабака шумо ҳам худатонро фурухтед?, бо чӣ қадар пул? чаро ин тавр кардед? чаро назароти мардумро комил чоп намекунед?
Ё озодии баён дар шумо ҳам вуҷуд надорад? пас чаро номи ин шабака "озодагон" ҳаст?
нав мафмидам шумо ба ном худатонро озод мегуед, амо дар асл шумо озод набудаед. шумо ҳам аз он шабакаҳои зери ҳимояи "одамҳои боло" ҳастед ва агар шумо ҳақиқатро пинҳон дошта бошед ҳам рӯзе мешавад, ки ҳақиқат ифшо мегардад, дар он рӯз вай бар ҳоли шумо кормандони "озодагон"

Модоме, ки ин тавр кардед пас чаро номи ин шабакаро иваз накардед?
шумо бояд номи ин шабакаро аз "озодагон" ба ""

дилшод
Хоб Чаноби президент, тагийрот аз боло мейояд, агар президенти мо ризки якрузаашро бо камбагалхо якчоя хурад, монанди хазрати Умар ва Умар ибн Абдулазиз хамон холат мардумам сер мешавад ва исрофкори кам мешавад

агар мехохад садди рохи масраф шавад аввал оилаи худро ислох кунад. чун хамагон диданд сарфаи туйи конунбароро ки чи микдор аст дар наворхои пахшкардаи Д А

шахрванд
аз илми бе амал ба азозал чи фоида.
Бори гарони махмил ба доя чи фоида

Ду кас ранҷи бефоида бyрдандy сайи бефоида карданд. Яке он ки андyхтy нахyрд дигаре он ки омyхтy амал накард
Илм чандон ки бештар хони
Чyн амал дар тy нест нодони
На мyҳақиқ бyвад на донишманд
Чорпое бар y китобе чанд Сади Шерози

Мухочир
Бо андешаи ман ин чаноб дигар хаки президентшави надорад. Мегуянд марда лафзаш халол чаро ваъда кардабуд,ки дар ин интихобот ман хамчун призидент кафили озоду димукрати ва шафоф гузаронидани онро медихам? Хол он ки ношафофи алакай сари хар як кадам дидан мумкин? Дар хакикат заифитона худатон исбот каден бо белафзитон ч о.

бо дипломи бекор
хонед мегуяд хондем аммо кор нест. Лаггандбардоронаш ба кор намегиранд диплома дар сари ки занам. Е намак зада монем дар сандук.

хонед мегуяд хондем аммо кор нест. Лаггандбардоронаш ба кор намегиранд диплома дар сари ки занам. Е намак зада монем дар сандук.

Исфаринский
tojik,
аз дин ёдовар мешаваду дари масчидхоро ба руи чавонон баст...пушидани хичобро манъ кард.садхо масчидхоро баст.хондани намоз дар чойхои чамъияти манъ ва аллакай чанд касро барои ин чарима карданд.гирду атрофаш зиндагии шохона доранду тамоми бизнес корхонахои давлати хама дар дасти онхо нест!адолат бошад Точикистонро кайхо тарк кардааст!фиску фасод ба дарачаи олитаринаш расидааст.Рахмат Э.РАхмон,ки миллати худатро ба ин рузи сахт оварда расониди!ин хама лентабурихо хок пошидан ба чашми мардум асту халос.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)