Бахшҳо

Ҷамъоварии 110 000 имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова

Ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) ба мақоми президентӣ, то кунун 110 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудааст.

Ситоди интихоботии хонум Бобоназарова мегӯяд, бо вуҷуди эҷоди монеаҳои сунъии мақомот онҳо тавонистанд, ин қадар имзоро ҷамъоварӣ кунанд. "Бештари имзоҳо дар ноҳияи Исфара ва Рӯдакӣ ҷамъ шудаанд",-афзуд манбаъ.

То анҷоми ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳо ба мақоми президентӣ чаҳор рӯзи дигар (7 октябр) боқӣ мондааст. Вале то ҳол аз ҳафт номзад ягонтои онҳо 210 ҳазор имзои заруриро ба даст наоварда ва худро дар Кумисюни марказии интихобот ба қайд нагирифтаанд. Бо ин ҳол, Ҳизби аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистон (Толиббек Бухориев) 207 ҳазор имзо ҷамъ оварда, дар мақоми аввал ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ (Олим Бобоев) бо 205 ҳазор имзо дар ҷои дуюм қарор доранд. Ҳизби коммунист (Исмоил Талбаков) 173 ҳазор, Ҳизби сотсиалист (Абдуҳалим Ғаффоров) 152 ҳазор ва Ҳизби демократ (Саидҷаъфар Исмонов) 138 ҳазор имзо ҷамъ намудаанд.

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. Ҳоло номи 7 довталаби курсии раёсати ҷумҳурӣ маълум шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, яке аз онҳост. Вале то ҳол ҳисоби дақиқи имзое, ки ба тарафдории оқои Раҳмон ҷамъоварӣ шудааст, эълон нашудааст. Вале қаблан масъулони Ҳизби халқӣ демократӣ гуфта буданд, агар зарур ояд, дар ду соат 210 ҳазор имзоро ҷамъ хоҳанд кард.
Мӯҳр
Салим
Иншооллох , ки вакт подшох аст. Чамъ мекунанд имзохои даркориро. Ман тарафдори он ки интихобот шафоф гузарад. Имконият диханд кани як бонувон кувваозоми кунанд. гузаштанд хуб , нагузаштанд бигузор бо хукумат хамкори кунанд. идеаи хуб доранд агар барои пешрафти кишвар умед аст ки Рахмон кабул мекунад. Танхо аз касе ки президент нашавад як чи мехохам сафи мухочиронро сол то сол камтар кунанд. чойхои кори дар кишвар мухае шавад. албатта пурра имкон надорад акалан 70 фоиз. Боки барор ба номзадхо . Майдон аз далер аст. агар рубох далер афтад шох аст.

Ба гайр аз коммунистон ин дигар хизбхои мазкуршуда "арусаки хукуматанд" ва зиёда аз 10 000 овоз чамъовари карда наметавонанд. Ин хама бозии сиёсии режим аст. Бо ин мехоханд, ки дар Точикистон дермократия несту демократия аст. Ин шайтониро тамоми шахрвандони Точикистон холо аник мефахманд.

Бахт
Ман бовар дорам,ки ин 4 хизбе ки дар чойхои 1,2,3,4, чойгиранд гайри конуни аз тарафи хукумат чамовари шудааст лек ин 110хазор имзои ИНИТ ин хакики ва бо мехнати халоли чонибдоронаш аст. Иншоаллох пирузи насиби Бобоназарова мебошад. Худо мададгоратон мухлисхои Бобоназарова.

Ман намедонам ин штаб ба чи кор машгул аст, лекин кариб буд муаллимаи бечораро талхакаф кунанд. Монеахо мешаванд, о Шумо мохигири намекунед, ку ин сиёсат мебошад ва рохаш пурталотум аст. Чумбед бачахо холо вакт хаст. Муаллимаро пеш аз вакт хаста накунед. Ачабо дар Ёвон чи холат бошад, наход аз Исфараю Рудаки кафо мемонда бошанд?

Мухтор
Агар интихобот шаффофу демократи ва бетаъкалубкори гузарад, номзад аз ИНИТ,хонума Ойнихол Бобоназарова бештари раъйхоро сохиб мешавад

Таксист
Ман ба хамаи шумо гуфтаниям,ки дируз ман се рес ба Евон одам бурдам ва аз инхо пурсидам,ки хамшахритона чихел дастгири дорен? хамаи мардум бо як овоз мегуянд,ки фишорхои хукумату милисахо хар руз болои сари мо аст намегузоранд,ки ба ин зан имзо гузоранд. Азш раиси нохия то цамоату дехахо хама лагандбардор будиянд.

isfaragiho dar islom saxt budand ku-charo ba zani komunisti az farzhoi xudo dur ovoz dodand?-bovaram nameoyad.chorkuh chi?

Муҳоҷир
Агар овози моро ҳам ба ҳисоб мегирифтанд, кайҳо намояндаи ИНИТ Ойниҳол Бобоназарова 210 ҳазор не,балки беш аз 500 ҳазор овоз ҷамъ меоварданд. Вале Комиссияи марказии интихобот инро нахост. Аммо холо хам вакт хаст ва намояндагони мухолифон метавонанд он мидор овозро чамъ оварда ба интихобот рангу намуди вокеӣ бахшанд. Вагарна бе ширкати мухолифон ва бо бо он хизбхои кисагӣ гузаронидани интихобот он як бози сиёсӣ мешаваду бас. Ва ба хеч вачх он интихобот аз чониби мардуми Точикистон ва хам созмонхои байналмилалӣ расман кабул нахоҳад гардид.

Дар ш. Истаравшан чи гуна имзо гузоштан мумкин ба тарафдории О. Б. ?

Бапеш хонум бапеш мо бо шумоем.

симин
Бубахшед мардуми боаклу хуш ва озодандеш гуе"то кунун Ҳизби аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистон (Толиббек Бухориев) 207 ҳазор имзо ҷамъ оварда, дар мақоми аввал ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ (Олим Бобоев) бо 205 ҳазор имзо дар ҷои дуюм қарор доранд. Ҳизби коммунист (Исмоил Талбаков) 173 ҳазор, Ҳизби сотсиалист (Абдуҳалим Ғаффоров) 152 ҳазор ва Ҳизби демократ (Саидҷаъфар Исмонов) 138 ҳзаор имзо ҷамъ намудаанд". аз кучо ин имзохо. Ба номи поки Худованд Касам, ки ашхоси ишорашуда бо камандааш хатто 5000 имзо чамъ карда наметавонанд. хамаи имзохоро аз чониби хукуматхои махалли ва чамоатхо бо фиреби мардум чамъ м екунанд инро хама медонад.

Билол.
Дар.нохияи.мо.гайри.эмомали.рахмон.Ойнихол.

shuhrat
Касе дар ш.Истаравшан ба Тарафдории О.Бобоназарова имзо гузоштан мехохад ба раками 918 56 14 27; 918 15 56 25 занг занад:-)

Озоди Орзу,
Аз хозира махалчигира Сар карден ку!!! Бешарафооооооо

Шахрванд
симин,
рост гуфти бародар. Дар асл холо чуз ИНИТ ягон хизби кисаги активна барои имзочамовари набаромадааст. Факат ин ИНИТ ягона аз мардум имзочамовардааст. Ман бовардорам,ки ин 5хизбеки пешсаф шудагиян инхоро хамаша хукумати рахмонов харидагияй аз кисаги буданашон истифода будаистодаасту халос. Хукумати рахмонов мехохад,ки ватан хамеша ободу тенч бошад бояд ракобати сиесиро бо мухолифин озод дар сахнаи риесат ракобат кунад албата бе такалубкориву бефишорбиериву бе дуздии овозхои мардум. Агар Рахмонов мардак бошаду аз худаш дилаш пур бошаду аз Худо метарсида бошад онгох ракобатро бо ин зан модар дар сахнаи интихобот бе зуриву фишору такалуб идома дихаду аз хизбхои кисаги ердам нахохад. Майдон аз далераст, Рубах агар сахна ояд чу шер маст. Маколи точики. Ман бовар дорам ва аз Худои хеш илтичо мекунам дар ин субхи саиди чумъа пирузиро насиби ин зан модар Бобоназарова гардонад омин. То ин модари хукуки тавонад решаи зулму ситамро аз ин чомеъа решакан намояд. Ва иншоаллох пирузи насиби Бобоназарова хохад шуд бо изни Аллох ва бо хидояту дастгириву мехрубонии Рабул оъламин. Иншоаллох ин руз хам наздик аст пирузии Бобоназарова. Ва иншоаллох Хак омад ботил решакан мешавад. Аз кормандони сомона хохиш инро бетагир дар сайт чой дихед. Худо нигахдоратон бо умеди рузи пирузии Бобоназарова фиамомиллох.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)