Пешсафии Тоҷикистон дар гузориши нави Бонки Ҷаҳонӣ
Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши нави худ Тоҷикистонро аз рӯи таносуби интиқоли маблағҳо аз хориҷ ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҷои якум қарор додааст. Ин бонк мегӯяд, дар соли 2013 маблағҳои воридшуда ба Тоҷикистон аз ҳадди 4 миллиард доллари амрикоӣ гузашта, беш аз 48 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил хоҳад дод.
Ин нишондод дар Қирғизистон 31 дарсад, Лесота ва Непал 25 дарсадӣ ва Молдова 24 дарсадро ташкил додааст, ки баландтаринҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд.
Дар маҷмуъ, Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, кишварҳои рӯ ба тараққӣ аз хориҷ давоми соли равон ҳудуди 410 миллиард доллари амрикоиро мегиранд, ки нисбат ба соли гузашта 6,3 дарсад бештар аст. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, гирандагони асосии маблағ аз хориҷ, Ҳиндустон-71 миллиард, Чин-60 миллиард, Филиппин-26 миллиард, Мексика-22 миллиард, Нигерия-21 миллиард ва Миср-20 миллиард мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |