Як шаҳрванди Покистон баъд аз 114 рӯзи роҳравӣ вориди Саудӣ шуд
Зоири пиёдаи покистонӣ баъд аз роҳравии 114 шабонарӯз ба хотири зиёрати Хонаи Худо вориди шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ шуд.
Ин зоири покистонӣ, ки аз ӯ Косерт Роид номбурда иешавад, сафари худро аз Карочии Покистон оғоз карда, бо тай намудани 6 ҳазор километр тариқи қаламрави Эрон, Ироқ ва Сурия ба Арабистони Саудӣ расидааст. Роид гуфтааст, ҳадаф аз ин сафараш ба самъи мусулмонон расонидан мебошад, ки онҳо ҳамеша муттаҳид бошанду ба тафриқабозиҳо миёни хеш роҳ надиҳанд.
Зоири пиёдаи покистони гуфтааст, ният дорад, баъд аз адои ҳаҷ 15 шабонарӯзро дар шаҳри Мадина гузаронад, ки дар онҷо Масҷиди паёмбар (с) ҷойгир аст ва баъд дубора ба самти ватанаш ба роҳ хоҳад баромад.
Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта ду шаҳрванди Тоҷикистон низ барои зиёрати Хонаи Худо ба арабистони Саудӣ пиёда ба роҳ баромада буданд: “Ҳоҷӣ Абдулазиз Раҷабов ва Ҳоҷӣ Абдулраҳим Ҳабибов номи 2 узви гурӯҳи зоирони тоҷик ҳастанд, ки муваффақ шуданд пас аз паймудани 4600 километр роҳ бо пои пиёда, Хонаи Худоро зиёрат намоянд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |