Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштии миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Аз 5-ум то 6-уми октябри соли равон дар ноҳиия Рӯдакӣ чепионати ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштии миллӣ барпо мегардад.
Тавре аз Кумитаи Ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар чорабинӣ, ки дар вазнҳои 70, 75, 80, 86, 95, +95 кило ва дар вазни мутлақ сурат мегирад, варзишгарон аз вилояти Суғд (2 даста), вилояти Хатлон (2 даста), ВМКБ (1 даста), шаҳри Душанбе (2 даста), шаҳру навоҳии тобеи марказ (2 даста) ва ноҳияи Рӯдакӣ (1 даста) қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Манбаъ мегӯяд, мусобиқаи мазкур бо мақсади тарғиби гуштии миллӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ташкил карда шудааст. Ғолибони мусобиқа бо диплому медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр карда мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |