Раҳмон дар Ваҳдат. Аз планшет то лентабурии Бозор Собир
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми боздид аз хонаи ятимон ва бепарасторони шаҳри Ваҳдат ба чиҳил нафари онҳо корти “Амонатбонк” ва якдонаӣ планшет тақдим намудааст. Оқои Раҳмон субҳи севуми октябр бо як сафари корӣ вориди шаҳри Ваҳдат шуда, ҳадафаш ҳам “ошноии бештар бо зиндагии мардум” аст.
Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, дар ҷараёни ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ваҳдат як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ ва бинои Кохи маърифат ифтитоҳ ёфта, ба сохтмони чанд иншооти дигар оғоз бахшида шудааст. Ба қавли ӯ, ҳангоми ифтитоҳи Кохи маърифат оқои Раҳмон бо Бозор Собир дидор карда, якҷоя лентаи рамзиро буридаанд.
"Баъдан раисиҷумҳур бо шоиру нависандагон атрофи мушкилоту дастовардхои мамлакат сӯҳбати гарму самимӣ орост, ки дар нақшаи сафар пешбинӣ нашуда буд",-афзуд ӯ.
Ба гуфтаи манбаъ, қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон, аз гимназияи хонандагони болаёқати ба номи Балъамии шаҳри Ваҳдат низ боздид намуда, бо шароити таълиму тарбияи онҳо шинос шавад. Эмомалӣ Раҳмон зимни ин сафар, ҳамчунин бо роҳбарияту фаъолони Ваҳдат доир ба натиҷаҳои фаъолияти онҳо дар 9 моҳи соли равон ва вазифаҳои оянда машварати васеи корӣ баргузор хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |