Иқрори гуноҳ ва узрхоҳии раҳбарияти “Равшан” аз мухлисон
Роҳбарияти дастаи “Равшан”-и Кӯлоб иқрор кардааст, ки бо иштибоҳи идорӣ, ин даста аз ҳақи идомаи қувваозмоӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2013 маҳрум шудааст ва аз мухлисони даста узрхоҳӣ кардаанд.
Тими “Равшан”-и Кӯлоб, рӯзи 18-ум сентябр дар бозии ҷавобии 1/ 4-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 2013, дар майдони худ дастаи “Парвоз”-ро бо ҳисоби 2-1 шикаст дода буд. Аммо пас аз анҷоми ин бозӣ раҳбарияти бошгоҳи “Парвоз” ба ФФТ эътирози расмӣ навишт, ки гӯиё дар нимаи дувуми бозӣ бозигари 19-солаи “Равшан” Саидхони Амрохонро легионер Гершон Акуффо иваз кард, ки синнаш аз 19 боло аст ва ин мухолифи Дастури мусобиқот мебошад. Аз сабаби риоя накардани дастурҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), “Равшан” расман мағлуб ва 1000 сомонӣ ҷарима карда шуд.
Торнамои расмии “Равшан” аз қавли Дилшод Шарифов, менеҷери даста навиштааст: “Аслан баъд аз маҷруҳ шудани Саидхони Ҳамрохон, мураббиён каме саросема шуда, ба хатогӣ роҳ доданд. Албатта мо интизори рух додани чунин воқеаи нохуш набудем. Дар рафти бозӣ мутаассифона бо ин гуна мушкили рӯ ба рӯ шуда, иштибоҳ кардем. Ин кор, айби худи мо, роҳбарони дастаи Равшан буд”.
Дилшод Шарифов гуфтааст: “Футбол аз қонуну дастурҳои муайян сохта шудааст. ФФТ низ ин қонуну дастурҳоро барои кулли дастаҳои Тоҷикистон пешкаши кардааст. Ҳар як даста бояд тибқи ин дастур ҳаракат намуда, ҳаргиз аз чорчубаи дастурҳо берун набарояд. Қонун барои ҳама як аст. Аз ин сабаб, мо ки яке аз дастурҳои ФФТ-ро вайрон кардем, пас ҳатман ҷазояшро гирифтем ва гунаҳгор худамонро меҳисобем. Гарчӣ ин барои мо талх ҳам бошад, дар оянда барои мо ва дигар дастаҳо ибрат хоҳад шуд. Илова бар ин, аз тарафи президенти даста-- Зайнулло Соҳибов низ муҷозот шудем.”
“Дар охир аз тамоми мухлисони даста аз самими қалб узрхоҳӣ намуда, ваъда медиҳам, ки дуюм маротиба ба ингуна хатогиҳо роҳ намедиҳeм. Мо ба кулли мухлисони худ ваъда медиҳем, ки соли оянда ҳам дар Лигаи олӣ ва ҳам дар Ҷоми Тоҷикистон қаҳрамон шуда, ин хатогии худро ҷуброн хоҳем кард. Роҳбарияти дастаи “Равшан” аз мухлисони худ ҳама ҷиҳат розӣ буда, ҳамеша барои мухлисон комёбӣ ва ғолибият тақдим мекунад.”-афзудааст Дилшод Шарифов.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |