Талоши сафири тоҷик барои ҷалби сармояи 505 ширкати хориҷӣ
Тоҷикистон талош дорад, таваҷҷуҳи Асотсиатсияи соҳибкорони Баҳори Мармар “MABIAD”-ро ба лоиҳаҳои сармоягузории худ, аз ҷумла соҳаи энергетика ва нафту газ ҷалб кунад.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Фаррух Шарипов, сафири тоҷик дар Туркия рӯзи 1-уми октябр бо раҳбарият ва намояндагони Асотсиатсияи “MABIAD” дар шаҳри Истанбул мулоқот кардааст.
Манбаъ мегӯяд, дар ин мулоқот Шарипов намояндагони ин асотсиатсияро бо санадҳои қонунгузории Тоҷикистон дар бахши фаъолияти сармоягузорӣ шинос карда, диққати онҳоро ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати бофандагӣ, хоҷагии қишлоқ ва коркарди меваю сабзавот, сангҳои мармару хоро, нафту газ, сохтмони биноҳои манзилӣ, диққати онҳоро ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент ва маҳсулоти сохтмонӣ дар кишвар ҷалб кардааст.
Дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии кишвар мегӯяд, соҳибкорон асотсиатяи мазкур гуфтаанд, дар моҳҳои наздик барои шиносоӣ бо фазо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба Душанбе ташриф хоҳанд овард.
Асотсиатсияи соҳибкорони Баҳори Мармар “MABIAD” соли 2005 таъсис ёфта, то кунун 505 ширкатҳои хурду бузург ба узвияти он шомил гардидаанд. Ин ширкатҳо дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт фаъолият кардла, бо аксари давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |