Боздошти гурӯҳи ҷавонон барои авбошӣ дар Чкалов
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гуруҳ ҷавонон дар шаҳри Чкалов хабар медиҳад, ки дар авбошӣ муттаҳам мешаванд.
Ба иттилои манбаъ зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби маъмурини пулис дар Чкалов бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, шаҳрвандон, Ҳоҷиев Тоҳирбек Қувватович, соли таваллудаш 1992, Буриев Ҷамшед Рустамович ва Вафоев Саъдулло, солҳои таваллудашон 1991, сокинони шаҳри Чкалов дастгир карда шуданд.
Манбаъ мегӯяд, боздоштшудагон санаи 30-юми сентябр дар кӯчаи Ғалабаи шаҳри Чкалов, бе ягон сабаб нисбати ноболиғ Байзоев Умедҷон Ҷалилович, соли таваллудаш 1996 ва шаҳрванд Ҳафизов Муҳаммад Ҷамшедович, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандагони ҳамон ҷо, суханҳои қабеҳ гуфта, ба онҳо бо истифода аз олотҳои халандаву бурранда ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расонидаанд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, айни ҳол нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |