Бахшҳо

Воҳидова: “Раисиҷумҳури оянда президенти мардум бошад, на вазирону ҳокимон”

Гуфтугӯи хабарнигори “Озодагон” бо Файзиннисо Воҳидова, узви Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон, дар бораи интихоботу номзадҳо ба мақоми президентӣ.

“Озодагон”: Ҳоло дар Тоҷикистон омодагӣ ба маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идома дорад. Аммо дар муқоиса ба интихоботи кишварҳои дигар зоҳиран ин маърака дар Тоҷикистон “ором” мегузарад. Фикр мекунед, натиҷаи нобоварии мардум аст, ё бепарвоии онҳо?

Воҳидова: “Мушоҳида кардам, мардум тақрибан ба интихоботи президентии шашуми ноябр, ки сарнавишти онҳоро барои ҳафт соли дигар ҳал мекунад, таваҷҷуҳ надоранд. Ҳатто эҳсос намешавад, ки ҳамватанони мо дар муқоиса ба интихоботҳои гузашта як зарра фаъолтар шудаанд. Албатта, ба истиснои як гурӯҳи начандон бузурги дастгоҳҳои давлатӣ, ки захираи маъмурӣ дар ихтиёри онҳо буда, ба фазосозӣ машғуланд. Рӯҳияву бовари мардум аслан тағйир накардааст. Онҳо тақрибан парвое аз маъракаи муҳими тақдирсоз надоранд ва дар сӯҳбатҳо ҳам мегӯянд, дар майдони сиёсат чизе тағйир нахоҳад ёфт.”

“Озодагон”: Аз тарафи созмону аҳзоби сиёсӣ ба мақоми президентӣ 7 номзад пешниҳод шудааст. Аз нигоҳи Шумо, шанси кадоме аз номзадҳо бештар асту боз ҳам кӣ метавонад рақиби воқеӣ ё аслии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, бошад, ки яке аз номзадҳост?

Воҳидова: “Ба истиснои президенти кунунӣ, номзадҳои дигар барои ҷомеа чандон ошно нестанд. Вале бо назардошти он ки ҳар яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанду собиқаи зиёди корӣ доранд ва соҳиби илму донишанд, шоистаи эҳтироманд. Аммо хислати мусбати онҳо маънои сиёсатмадори хуб буданашонро надорад. Ба бовари ман, рақиби асосӣ ва воқеии Эмомалӣ Раҳмон танҳо Ойниҳол Бобоназарова буда метавонад. Ҳар ду номзади сазовор ва шоистаанд. Мутаассифона, шахсияти Бобоназарова нисбат ба Раҳмон танҳо ба як гурӯҳи мушаххас ошност, яъне созмонҳои ғайридавлатӣ, ҳуқуқшиносон, муаллимони донишгоҳ ва созмонҳои байналмиллалӣ. Ҳоло фурсат ҳаст, то шахсияти муаллима ба ҷомеа ва кулли сокинони минтақаи кишвар муаррифӣ шавад. Шахсияти Эмомалӣ Раҳмон барои ҳама ошност, чун бештар аз 20 сол боз раисиҷумҳур асту сиёсати даҳ соли охираш барои муаррифии худи ӯ нигаронида шуда буд. Тамоми иншооти маишӣ ва иҷтимоӣ, хусусию давлатӣ бо иштироки ӯ ифтитоҳ мешавад ва бо ин тарзу усул раисиҷумҳур тавонист худро ба мардум муаррифӣ намояд. Мардуми содда дар маҳалҳо ба фарқи он намеравад, ки иншоот давлатӣ аст ё хусусӣ, муҳим барои мардум он аст, ки як кунҷи кишвар обод шуд. Мардум дар фикри он мешаванд, ки агар Эмомалӣ Раҳмон набошад, чунин дастовардҳо низ ҷой нахоҳад дошт. Яъне, мардум ки аз сиёсати давлат фарсахҳо дуранд, ба дарки он намераванд, ки ин як қисми салоҳияти давлату президент аст. Бинобар ҳамин, бояд эътироф кунем, ки дар ин 20 сол мардум ба ғайр аз Раҳмон дигар сиёсатмадореро надид, эҳсос накард, ки мисли ӯ ҳамеша дар минбару корзори сиёсат бошад. Шояд ба ин роҳ надоданд, имкониятҳоро маҳдуд сохтанд, ки дар саҳнаи сиёсат шахсияти дигаре набошад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, бояд эътироф кунем, ки имрӯз мо сиёсатмадоре мисли Раҳмон надорем, ки аз кӯдаки гаҳвора то пири солхӯрда ӯро бишносад. Шояд ин як тарзи муборизаи ҳукумат буд. Шояд як рақобати носолим буд, лекин онҳо дар ин самт муваффақ шуд.”

“Озодагон”: Шумо аз рақобати носолим гуфтед. Тақрибан ду-се моҳи охир аз тариқи расонаҳои давлатӣ бештар аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолиф танқид ва ё дар иҷрои “корҳои бад” муттаҳам мешаванд. Чунин “рақобат” то куҷо дуруст аст?

Воҳидова: “Бале, мушоҳида мекунем, ки ҳукумат ба интихоботи президентии соли 2013 ду сол қабл тайёрӣ дидааст ва барои ноил гардидан ба ҳадафҳои худ пеш аз хама ҲНИТ-ро нишон гирифтааст. Ин далолат аз он мекунад, ки ҲХДТ ва ҳукумати кишвар дар симои ҲНИТ рақиби бузургро эҳсос менамоянд ва танҳо аз наҳзат дар тарс будаанд, ки худи онҳо инро ба намоиш гузоштанд. Яъне, ҳукумат эътироф кард, ки баъд аз ҲХДТ яке аз нерӯи бузургу таъсиррасон ҲНИТ аст. Мақомот борҳо ҲНИТ-ро ба ҷанги шаҳрвандӣ муттаҳам карда, аз ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ба мардум ёдовар мешаванд. Раҳматилло Зойировро хиёнаткору ҷосуси Узбакистон эълон мекунанд. Дар кадом гӯшаю канори кишвар ҷинояти сангине содир шудааст, ҷинояткорро узви ҲНИТ эълон карданд. Ин роҳи нодуруст аст. Ин мубориза нест, ин сиёсати ифлос аст. Барои корҳои таблиғотӣ ҳамаи шева, тарзу усул қобили қабул аст ва муҳим он ки шахсияти номзадро муаррифӣ намоянд ва ба боварии интихобкунанда ноил гарданд. Аммо ҳамаи ин амал бояд бо риояи меъёри одобу ахлоқ, рақобати солим, эҳтироми шахсиятҳо ва дар доираи қонун сурат гирифта, таҳаммули рақибон нисбат ба якдигар нукоти асосӣ мебошад. Ҳар як амали бад, муттаҳамкунии беасос, бадномкунии якдигар омили муташанниҷ гардидани вазъ ва оқибати аксуламал (обратный эффект) мешавад.”

“Озодагон”: Дар бораи тасмими Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки Ойниҳол Бобоназароваро ба унвони номзад пешниҳод кард, чӣ фикр доред? Дар ҳоле ки бисёриҳо мегӯянд, номзадӣ ҳаққи Зоиров буд?

Воҳидова: “Аслан бояд қоил шуд, ки дар як вазъи ҳассос ду ҳизби мухолиф ва созмонҳои ҷамъиятию фаъолони ҷомеа тавонистанд, як иттиҳодияеро созмон диҳанд, ки мақсаду мароми онҳо мушаххас ва шаффоф аст. Месазад гӯем, ки ин ба Растохези охири солҳои 80-ум монанд буд, ки дар давраи Шӯравӣ ҷамъ шудани равшанфикрон басо кори мушкил буд. ИНИТ низ мисли ҳамон гурӯҳи равшанфикрон замоне ҳастӣ кард, ки кишвар дар вазъи сиёсие қарор дорад, ки як дастгоҳи бузурги ҳукуматӣ дилхоҳ тасмиму фикри рӯшоду мароми озодихоҳонро пахш мекунад ва сарҷамъ кардани чунин фикри мағзҳо худ як қаҳрамонист. Бале, ҷомеаи шаҳрвандӣ умед дошт, ки номзади ягонаи ИНИТ Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва ё Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ мешавад. Ғайриинтизор аз тарафи ИНИТ номзадии Бобоназарова пешниҳод гардид, ки ин боиси баҳсу мунозира ва ҳатто дашному таҳқирҳои тӯлонӣ шуд. Аммо вақт довар аст, бо гузашти вақти начандон зиёд ин мардум эҳсос кард, ки муҳим шахсияти номзад набуда, тағйири вазъ мебошад. Шояд ин тасмим дар оянда ҳосили худро диҳад, зеро ман итминони комил дорам, ки агар Кабирӣ ва Зойиров ба ҳайси номзад пешниҳод мегардиданд, онхо қурбони вазъи сиёсӣ мешуданд. Бинобар ҳамин, ин ягона роҳи дурусту солим буд.”

“Озодагон”: Шахсан Шумо ба кадоме аз номзадҳо овоз медиҳед? Имкон аст, ки ба номзадии Эмомалӣ Раҳмон овози худро дареғ надоред?

Воҳидова: “Чаро не? Ман ба дилхоҳ номзад раъйи худро медиҳам, агар барномаи воқеию амалишаванда дошта бошад, ки барои рӯзгори ободу як зиндагии орому муътадили мардум мусоидат намояд. Дар ҳафт соли оянда Тоҷикистон дар фасли сармо ба Торикистон табдил наёбад, мардум барқу газу об, хонаи гарму равшан дошта бошад. Дар асри 21 мардум бо кайҳон сари кор дорад, аммо дар хонаи тоҷик барқ нест. Мехоҳам, президент аз они мардум бошад. Раҳмон дар ин 20 сол президенти ман ва мардуми одӣ набуд. Ӯ президенти ҳукумат, вазирон, ҳокимон буд. Президент ба маҳалли зисти ман ташриф меорад, аммо роҳи маро мебанданд ва намемонанд, ки ман бо президентам вохӯрам. Ба ҷойи ман десантҳои худро аз Хатлону Зарафшон меоранд. Шояд гуфтание надорам, аммо орзуи аз наздик диданро дорам. Барои ҳамин, бисёр мехоҳам, ки мо дар ин 7 соли оянда президенте дошта бошем, ки бо мардум ва ҳамроҳи мардум бошад.”
Мӯҳр
Комрон
Офарин Файзинисо Вохидова!!! Президент бояд хидматгори халку миллат бошад,на балки мардум ба у хизмат кунанд ва аз тарсу хароса ба чоплусиву лагандбардори даст бизананд, чи тавре,ки мо доим дар телевизиони точик мебинем.

Мехрдод аз Масчох
Тахсин ба Шумо Файзиннисо Воҳидова, барои суханон ва фикри хуб

Зани босавод будааст, сухбати оличаноб

Мухтарама Вохидова аввалан шумо дуруги дидаву дониста мкгуед Э,Рахмон хамеша бо халк аст,дуюм ин ки гуем ки ХНИТ яъне Кабири раиси Чумхур шуд ,шумо дар кадом вазъ карор мегирифта бошед бо ин сару андоми уврупои ,Ман алхамдулиллох мусалмонам ва 5 вакт намозамро мехонам(в отличие от вас) аммо ба сари кудрат омадани Аль-коида таклидхо ки душмани ислом аст ва намуду шакли исломро хамчун терорист муарифи кардааст намехохам ва мубориза мебарам, Шукронаи истиклол шукронаи масчидхои пур аз намозхонхои хакики, Иншооллох баъд аз сохта шудани Рогун номи пешвои миллат Э Рахмон дар таърих дар катори Спитамен Темурмалик Муканна ва гайрахо боки мемонад,

Дилёб
Бисёр мусохибаи хуб, аммо ба пирамидаи чаппа монанд. Апаи Файзинисо шумо дар аввал бисёр бо часорат сухан гуфтед, ба монанди он ки гуё аз хеччиз наметарсед, вале дар охир шумо ба мисли он ки аз гуфтахоятон пушаймон гаштаву боз анбак ба кавле "дамдузди" кардед.

rahmon behtarin prezident ast.7-sol ne 700-sol in hukumat inshoalloh bo desanthoi xatlonivu zarafshoni meistad.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)