Арабистони Саудӣ барои омода намудани мутахассисон дар самтҳои хидматрасонӣ ба зоирини Хонаи Худо донишгоҳеро таъсис медиҳад.
Холид Ал-Файсал, раҳбари минтақаи Маккаи мукаррама ва раиси Кумитаи марказиии оид ба ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ пешниҳод намудааст, ки як омӯзишгоҳе дар сатҳи донишгоҳӣ, ки мутахассисонро барои гузаронидани маросимҳои ҳаҷ ва умра тарбия мекунад, таъсис дода шавад.
Ал-Файсал мегӯяд, ингуна донишгоҳ метавонад, тамоми масъулияти пажуҳиш, таҳлил, омода кардани мутахассисон ва баррасии дурнаоми сиёсати кишвар оид ба ҳаҷҷу умраро бар зимма гирад. Ӯ аз вазири маорифи Арабистони Сауидӣ даъват кардааст, то ба ин тарҳи пешниҳод намудааш таваҷҷуҳи хосса диҳад.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, пардохти маблағи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомониро ташкил медиҳад ва ба ин хизматрасониҳо пули чипта ё билети ҳавопаймо (рафту бозгашт), маблағи авоид, иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Маккаву Мадина, се бор ғизо дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, кумаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди касалиҳои сирояткунанда, ҷузвдон, либос ва ғайраҳо шомиланд.
Мӯҳр