Бахшҳо
28 июл 2011 08:28Хабарҳои ҷаҳон

Гармои шадид боиси марги 64 нафар гардид

Теъдоди қурбониёни гармии шадиди қисмати марказӣ ва ҷанубии ИМА 64 нафар арзёбӣ мешавад.


Ба иттилои Хадамоти миллии ҳавошиносии Амрико ҳолатҳои фавти одамон вобаста ба гармии шадид дар 15 иёлаи ин кишвар ба қайд расидааст. Дар Филаделфия бар асари гармӣ 21 нафар, дар Чикаго 15 кас ва дар Канзас-сити 17 тан ба ҳалокат расидаанд. Гуфта мешавад, аксари қурбониён афроди бузургсоланд.
Садҳо нафар барои кӯмак ба табибон муроҷиат кардаанд. Дар баробари одамон чорвои онҳо низ аз гармӣ азият мекашад. Анҷумани хоҷагиҳои қишлоқ гуфтааст, 4000 сар чорвои шохдорро аз даст додаанд.
Дар ҳоли ҳозир иёлаҳои Иллинойс, Миссури, Канзас, Оклахому ва Техасро аз идомаи гармиҳо ҳушдор додаанд. Ҳавошиносон ба аҳолии ин минтақаҳо каме «салқини»-ро баъди рӯзи панҷшанбе ваъда кардаанд.
Дар ҳамин ҳол маврид ба тазаккур аст, ки фазои Тоҷикистонро низ соли равон ҳавои тафсон ишғол кардааст. Ба иттилои мутахассисон чунин гармии ҳаво дар панҷ соли охир собиқа надоштааст. Бо ин вуҷуд маркази ҳавошиносии Тоҷикистон гуфтааст, имрӯз ҳавои Душанбе абрӣ шуда, эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат мавҷуд аст. Гармии ҳаво то 33 дараҷа мерасад. {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)