Бахшҳо
02 окт 2013 11:30Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Рустами Эмомалӣ дар паҳлӯи падар. Роҳ ба сӯи сиёсати бузург?

Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки то кунун аҳён-аҳён дар робита ба бозии футбол дар телевизионҳо пайдо мешуд, ҳамакнун дар канори падараш бештару бештар рӯи экранҳо меояд.

Махсусан, дар лаҳзаҳои ифтитоҳи нақби “Чормағзак” (ҳоло “Хатлон”), ки рӯзи 1-уми октябр сурат гирифт, Рустам падараш Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ мекард. Ҳатто дар дохили мошине, ки Эмомалӣ Раҳмон меронду дар паҳлӯяш масъули ширкати “China Road” нишаста буд, Рустам низ ҳузур дошт.
Дар як акс аз ин маросим дидан мумкин аст, ки писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба лентабурии ӯ ҳам кумак мекунад, дар ҳоле ки раиси шаҳри Ваҳдат ва вазири нақлиёти Тоҷикистон аз онҳо хеле канортар истодаанд.

Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, иштироки якҷоя ва паҳлӯи ҳам истодани раисиҷумҳур бо писараш паёми хосе надорад. Ба гуфтаи ӯ, инро ҳатто намешавад оғози роҳи Рустами Эмомалӣ ба сӯи сиёсати бузург номид. Ба қавли Шарифзода, “ҳар як падару модар орзу дорад, ки дар лаҳзаҳои барояш муҳим фарзандаш дар паҳлӯи ӯ бошад. Барои Президент, мисли садҳо ҳазор мардуми Тоҷикистон, маросими ифтитоҳи нақби “Чормағзак” рӯзи таърихӣ ва хотирмон буд.”

Аммо мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки бештар аз бист сол боз зимоми қудрат дар Тоҷикистонро ба даст дорад, дар ин замина назару пешбиниҳои дигаре доранд. Онҳо мегӯянд, эҳтимол оқои Раҳмон писари худро ба унвони ҷойнишини худ дар оянда омода ва аз ҳоло муаррифӣ мекунад.

Шокирҷони Ҳаким, доктори илми ҳуқуқ ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ҳам мегӯяд, “дар баъзе давлатҳо чунин рафтор ишора ба он аст, ки кӣ вориси оянда хоҳад шуд”. Вале ба гуфтаи ӯ, “гумон намекунам, дар Тоҷикистон ин ҳолат ҷой дошта бошад. Дар ҳар сурат, вобаста ба натиҷаи интихоботи президентии 2013 ва интихоботи парлумонии 2015, шаҳрвандон раҳбари ояндаи худро интихоб хоҳанд кард. Ин ирода ва хоҳиши мардум аст, ки оё дар курсии президентӣ писари раисиҷумҳури ҳозираро дидан мехоҳанд, ё на.”

Шокирҷони Ҳаким мегӯяд, таҷрибаи ҳузури раисиҷумҳури кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо писаронашон вуҷуд дорад. Вай аз таҷрибаи Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус ёдоварӣ намуд. “Лукашенко кӯшиш мекунад, дар маъракаҳои оммавӣ бо фарзанди хурдии худ бошад. Мазмуни чунин рафтори ӯ ин аст, ки ӯ падари намуна будан ва ба арзишҳои оилавӣ устувор буданашро нишон медиҳад.”

Рустами Эмомалӣ, писари калонии Эмомалӣ Раҳмон, тақрибан шаш соли охир дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Вай дар ин муддат бахши иқтисодии Донишгоҳи миллиро хатм карда, корро аз Кумитаи сармоягузорӣ оғоз намуд. Соли 2009 дар Анҷумани Иттифоқи ҷавонон ба ҳайси муовини раиси ин созмон, соли 2011 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид. Ҳамзамон баъди роҳбарӣ дар Раёсати бахши мубориза бо қочоқи Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ айни ҳол ба мақоми муовини раиси Хадамоти гумрук таъин гардидааст. Рустами Эмомалӣ фарзанди дувуми президенти Тоҷикистон аст, ки мақоми расмӣ дорад. Озода Раҳмонова, духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳоло муовини вазири умури хориҷист. Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмӯъ 9 фарзанд - 7 духтар ва 2 писар - дорад.
Мӯҳр
ф
Сомончаро хам бояд ЧО хамрохи худ бигирад. Барои Рустам запасной.

Бибисоро модаратон
ХУДОЁ ё ХУДОЁ ба ин нотавонбинон сабру дили кушод бидех.
Охир аз рузи бунёди дунё писар дар пахлуи падар чой дорад. Падаре ки рох месозаду рох мекушояд дар рузи хушии мардум писарашро барои тарбия кардан, ки бо чашми худ корхои созандагиро омузад наметавонад бубарад. Э вой бар мо э вой бар ман.
Як хулосаи коршиноси дихед, ки аз хамин руз эътиборан дар тамоми дунё хангоми сафархо рохбарони давлатхо ахли оилаашонро бо худ набаранд. Ин мвакеи дипломатхои навбаромади Точикистон шавад.
Дилро кушод гиред. Кинахоро берун кунед. Хосил фаровон мешавад. Корхоятон барор мегирад. Шумо хам мисли Рустами Эмомали фарзанди ботамкин тарбия кунед. Хамрохатон гирифта гардонед.

Рости дар сиёсатхо бузург ингуна тачриба буд, хаст ва мемонад. Формулаи "Баъди ЭР, РЭ меояд", яъне ба чои падар писар меояд сари кудрат дар кишвар амали хохад шуд, ин аз мушохидахои шахсии ман аз вазъи сиёсати имрузаи хукумат бармеояд. Фикри ман ин аст, ки бигзор баъди падар писар баъди писар набера ояд, лекин тавонад кишваро аз давлат акибмонда ба кишвари пешрафта табдил дихад. Аммо агар падар аз ухдаи халли мушкилот набарояд хочати ба писар додани хукумат намемонад ва ба ноороми оварда мерасонад. Хай вакт нишон медихад шонси охир 7 соли дигар мебинем ба кучо мерасем. Бо умеди тавфик Шер.

Сироч
Хамин падараш кам мардумро сарсону саргардон кард ,ки боз писарашро барои курсии президенти таёр мекунад.

Сафарбек
О диданаш лозим ки падар чи хел лента мебурад. Машк карданаш лозим. худо хохад баъди 7-сол раиси чумхур мешавад. ана баъд мебинед ки чи хел лента мебурад.

Тохир-ака
Ба Шер!
Писарам хеч дар ШЕР монанд нести!
Шер гайбат намекунад ва камингохи шер дорои максади муайян аст, ки туъмаро ба даст меораду баъдан рубох ва шаголхо аз шикори у баракат меёбанд.
Худат дар чавлонгохи шерон доступ надори. Барои хамин хар вакте ки ба хучум гузари холи бармегарди ва ба шерон хасад мебари.
Як бор насиб хам нагуфтаи дар сафсатахоят. Охир то хафт соли дигар бо ин рашку хасад зинда мемони ёне ин кори ХУДОЧОН аст.

Ба Сирочак!
Ба Нораку Сугд сафар куну бубин ки тунел ва тавассути он чи гуна гардиши истехсолот чори аст. Агар зренит безеб боша биё Караболо ма гарантиякати як очки +1 тухфат мекунум. Як кордиаграма ва анализи вайрон будани хунатам ба ухдаи мо. Як равоншиноси хуб хам дорем, ки секаса навиштагихои харзагуёната хондем, ин хам маслихат медихад.
Мардуми Точикистон беакл нестанд, ки аз кафои хар кас раванд. Мардум аз кафои Эмомали рафтанро сарсони намехисобанд, балки ру ба суи ободи мехисобанд. Ту боши дар кухи мусибати харзагуи як умр хавои тоза хам намеёби. Сад хайф.

Рустами Эмомали хам бояд бо худ хамавакт кайчи дошта бошад.

Ба Тохир - ака. Бародар шумо аз руи эхсосот сухан мегуед. Касе ки бад гуфт е бад кард хатман рузашро мебинад. Агар шумо дар чое кор кунед, вой бар холатон ба ин суханвари, ки кибру гурур шуморо идора мекунад. Ман бад кунаму ту бад мукофот дихи, Пас фарк миени ману ту чиси бигу.

Зез-Ушхарвак
Тохир-ака,
Шарм кун камтар. кур курона сухан накун аз дасти ту барин чопулисо мо ба хамин руз сиёх расида овораву дарбадар шудаем. агар хамин хушмадгуи мисли ту барин намебуд ЭР мумкин 5 маротибар аз ин хам зиёдтар хизмат дар хаки ин миллат мекард.

Ба Тохир-ака! Бародар ин гайбат нест ин вокеият! Вокеият чи аст? Ин аст, ки тули 22 сол факат дар истехсоли Конунхо дар Фабрикаи "Парлумон" ва Рузхои чашну идхо аз кабили Иди Харбуза, Иди Каду, Иди Бидринг мо пешрафтхо дорем. АММО КУ БАРКИ ДОИМИ, КУ ИСТЕХСОЛОТИ ХУДИ(оддтарин чизро аз хорич ворид мекунем дар холе, ки имкони истехсоли он дар кишвар вучуд дорад), КУ ЧОИ КОРИ МАРДУМ ХАМА ДАР МУХOЧИРАТ? Аз накбхо гуфти ахволи Накби Истилолро бин якбор, Рохи Душанбе-Хучанд дар холи харобшави, аммо ширкати IRS
" ширкати хоричи" ПУЛХОИ МАРДУМРО ЧАМ КАРДА БА МИНТАКАХОИ
ОФФШОРИ МЕБАРАД. Ман кайд кардам агар кишварро пешрафта кунад бигзор ПИСАРАШ БАЪД БО ПИСАРАШ БАЪД НАБЕРААШ ХАМИХЕ 7 ПУШТАШ ПРЕЗИДЕНТ ШАВАД. Аммо мардона икрор шав аз мушкилихо номбурда кадомаш рафъ шуд? Дар холе, ки агар аз акл, илму мухассисони аз кишваррафта (фирори аклхо) истифода мешуд мо дар 22 сол аз проблемахои мавчуда рахо мешудем. Бегараз гуфтам ва самими ва ки норизо ва ки чонибдори ин акидахои ман аст мархамат нависед. Бо умеди тавфик Шеррр!

Сироч
Ба Тохир:Ба фикрам шумо касалед яъне касали лаганбардори ва гуломи.Бадтарин гулом оне хаст ,ки аз гулом буданаш фахр дорад.Бо сохтани як тунеле,ки онхам бо пули карз сохта шудаатс вохима кардед.Холо шохиди он мешавем ,ки ким кадом ширкати дар чазирахои офшори сабти ном шуда ин рох ва тунелашро пулаки карда пули онро на барои баргардонидани карз балки ба киса мезананд.Пешравие ,ки мо мебинем ин фасоди сартосар ,непотизм ,бемасъулияти ва саргардонии халк .Зиёда аз 1,5-миллион точике ,ки сарсониро пеша кардаанд ба фикрам куранд ки ин хамма пешравихои шумо гуфтагиро намебинанд.Агар ин пешравихо дар хакикат бошанд пас чаро кудаки точик мактабро тамом нокарда фикри мухочиратро дар сар дорад? бо шарофати чунин лаганбардорони гуломтабиат ,ки ба чашми мардум хок мепошанд.Асри 21 аст аммо дар мо на барк на об ва на чои кор ! оё ин аст пешравихои шумо дар давоми ду дахсола? Як бор берун аз Точикистон баро баъд бо чашми хол бин ,ки чи кадар пешрави ва обу руй доред.

Ба Тохир
бародар ин мардум мехоханд дар 22ба Англия баробар шавем ин дар холест ки мо кариб 10сол машгули чанг будем барои мисол ба нотавонбино Киргизистонро меёрам ин давлат зиёда аз 5млн ахоли дорад чанги шахрвандиро рох надодаанд вазъи чугрофии аз мо хуб доранд имруз дар бисёр сохахо аз мо акибанд

бо таври зарури бояд иди кайчиро ба рох монд

Точик аз Исфара
Фирдавс комилов,
рости дар дили як чиз зад хамин чангро ёдовар шудани шумо гуломакон!якумаш ин ,ки чанг 10 сол давом наёфт!Хамаги 2 сол.Ва ин чанг боиси то ин дарача окибмонии Точикистон нашудааст,ки шумо гуломтабиатон такрор ба такрор мегуед!Дар ин чанг талафоти зиёди чони шуд на ИКТИСОДИ,заводу фабрикахо,дехау шахрхо нобуд нашуданд,ки шумо доимо ин окибмонии моро ба ин чанг .Дар бораи Киргизистон маълумот,ки надори бехтараш,ки хомуш меистоди!Ман дар хамсояги бо киргизхо зиндаги мекунам ва хакикати холро аз ту бехтар медонам!Ба маълумотат расониданиам,ки дар Киргизистон МАОШ ВА НАФАКА аз Точикистон дида 2 маротиба зиёд аст!Ин омори умумичахони,Андоз,чаримахои далати 3 маротиба арзонтар астЛимити Куваи барк учуд надорад.Роххо пулаки нест харчанд роххои онхоро низ Хитоихо ба дарачаи аълош сохтаанду таъмир кардаанд.ГОСУД нест.Хукумат каме хам бошад аз мардумаш харос дорад.

Тохир-ака,
Лекин лагандбардориро ба дарачаи аълояш расонди!ОФАРИН!Факат як илтимос,ки аз номи мардуми точик харф назан.Зеро ба ту чунин ваколатро мардуми точик,ки 2 млнаш тарки Ватан кардааст ба ту надодааст!Он накбе,ки мегуи бо пули карз сохта шудааст ва пулро аз хисоби БУЧА на аз кисаи Рахмон Точикистон бармегардонад.Буча бошад ин пули хамаи шахрвандони Точикистон аст ва дар ин чо Рахмон вазифаашро ичро кардаасту халос.Боз бар замми ин "нигохубини" ин рохро ба фирмаи офшори додааст,ки аз тамоми андоз озод буда факат аз ХАВО пули зиёд кор карда ба офшор гусел куни дорад....

prezidenti javon mexohem-ana rustamjon.yak 70-solai komunistiro peshbari mekuned.rustamjon behtarin ast va mard ast.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)