Мақомот аз боздошти зану шавҳаре хабар дод, ки солмандонро ғорат мекардаанд

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Тошканд аз боздошти зану шавҳаре хабар додааст, ки ба ғорати солмандон машғул будаанд. Аз онҳо ҳамчун аъзои гуруҳи ҷиноӣ ном бурда мешавад.
Ҳамроҳи ин афрод, ки аз онҳо ном бурда нашудааст, як духтараки 8-12 сола ҳам будааст. Ба гуфтаи мақомот ин зану шавҳар дар дуздии маблағи чор фарди солманд давоми се моҳи ахир мутаҳам мешаванд.
Аз ҷумла, 26-уми сентябр дар шаҳри Тошканд зани 65-солаеро ғорат кардаанд. Ҳамчунин, онҳоро дар дуздии 3 миллион сум, муодили беш аз 1000 доллари амрикоӣ аз манзили Хадича Носироваи 87-сола муттаҳам мекунанд.
Пулис мегӯяд, моҳи сипаришуда дар яке аз биноҳои бисёрқабатаи ноҳияи Чиланзар ғоратгарон ба пиразани 89-солае ҳамла кардаанд. Дар натиҷа ҷабрдида ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои расмӣ аз аввали соли равон шумораи дуздӣ ва куштори солмандон ва бознишастаҳо дар Тошканд дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 30 ҳолат зиёд шудааст.
Гуфта мешавад, ҳолатҳои ғорати солмандон дар Тошканд аз ҷониби гуруҳҳои ҷиноӣ соли 2011 шуруъ гардида, одатан аз руи як сенария анҷом мешаванд. Ғоратгарон худро корманди хадамоти коммуналӣ муаррифӣ карда, ба манзили афроди солманд мераванд ва маболиғу дигар ҷиҳози гаронарзиши онҳоро ба яғмо мебаранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |