Тарси ман аз он аст, ки... "касофат" ҷои "шарофат"-ро мегирад
Азиз НАҚИБЗОД
Иллати гирифтории аз ҳад беш ва маҳрумиятҳои тоҷикро дар чӣ мебинед? Чаро миллате, ки ифтихори қадимтарин буданро дар минтақа дорад, аз авҷи иззат ба қаъри зиллат фаромад?
Соҳибназарон дар ҷавоби ин суол андешаҳои гуногун хоҳанд дошт, аммо ба назари ман муҳимтарин омил он аст, ки бештари ҳамватанони мову Шумо шарофатро аз даст медиҳанд. Бале, муҳимтарин арзиш барои инсон шарафро. Шарафро, ки инсонро аз дигар махлуқот тамйиз медиҳад.
Садҳо мушкили Тоҷикистону тоҷикон ба ҳамин мафҳум, дақиқтараш ба адами ҳамин арзиш, иртибот мегирад. Имрӯз тоҷик тоҷикро рӯирост тӯҳмат мезанад, тоҷик ҳамватанашро таҳқир мекунад, тоҷик моли якдигарро медуздад, тоҷик аз ҳаммилаташ пора меситонад, тоҷик бародарашро ранҷ медиҳад, тоҷик бар зидди тоҷик шаҳодати дурӯғ медиҳад, ки хоси шарифон нест. Шахси бошараф даст ба чунин амалҳои нангин намезанад.
Мафҳуми шарофат муқобилмаъное дорад, ки онро касофат гӯянд. Агар аз шахси шариф ба ҷомеа шарофат расад, пас, аз шахси касиф ба ҷомеа касофат хоҳад расид. Аммо чӣ касе худро касиф мешуморад? Оё касе ҳозир мешавад, ки нанги касиф буданро ба гардан гирад? Маълум, ки розӣ намешавад. Аммо дигар илоҷ надорад, чун дигар чорае нест ҷуз ин ду сифат: Шариф ва касиф. Шахс метавонад ё шариф бошад, ё касиф.
Ҳоло биёем, сари тавзеҳи шариф. Шарофатманд дуздӣ намекунад, ҳаққи мардум намехӯрад, тӯҳмат намезанад, аз тамаллуқ парҳез менамояд, дурӯғ намегӯяд, ришва намегирад, зулм намекунад... Аммо касе, ки амалҳои номбаршударо анҷом медиҳад, аз рӯи мантиқ танҳо касиф буда метавонад. Ва ҳеч мумкин нест, ки аз шахси касофат ба ҷомеа шарофат расад.
Дар ҷомеа агар шахсони шариф ба куллӣ набошанд, ҷомеа ба нестӣ мерасад, аз ин бармеояд, ки ҳанӯз ҷомеаи мо дорои шахсони бошараф будааст. Вале даҳшатовар ин аст, ки амалҳои касиф бештар мешавад. Метарсам, боз рӯзе нарасад, ки чанд тан бошарафоне, ки ҳастанд, боқӣ намонанд. Паёмадашро тасаввур мекунед?..
Худо ба он рӯз нарасонад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |