Бо гузашти се рӯз аз лағжиши кӯҳпора, ҳамоно роҳи сарҳадии миёни ноҳияи Айнӣ ва Мастчои Кӯҳи баста аст ва сокинон наметавонанд, аз ин минтақа убур кунанд.
Муҳаммадсаид, як сокинони ноҳияи Мастчо ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар вилояти Суғд гуфт, се рӯз боз кӯҳпора роҳро банд кардааст, мо аз ин рӯ наметавонем ба шаҳри Хуҷанд-маркази устони вилоят равуо кунем. Вай афзуд, бо вуҷуди сафарбар шудани ниҳодҳои марбута ҳамоно кушоиши роҳ аз зери кӯҳпора ноимкон будааст.
Ҷамшед Кучаков, як масъули ситоди ҳолатҳои изтирории Суғд ҳам вуқӯъи ин ҳодисаро тайид кард ва гуфт, ки ин ҳодиса дар 226- километрии роҳи ҷамоати «Ревад»- и ноҳияи Айнӣ, ҳаммарз бо ноҳияи Масчои Кӯҳӣ, дар рӯзи 26-уми рух дода ва то ҳол кушода нашудааст. Ин манбаъ мегӯяд, зимнан дар ҷои ҳодиса як комиссияи иборат аз ниҳодҳои идораҳои геологӣ ва ситоди изтирорӣ кор мебаранд. Гуфтанист, лағжиши кӯҳпора ҳудуди 7 километри роҳро дар ин минтақа тахриб кардааст. Масъулони ситоди ҳолатҳои изтирорӣ мегӯянд, дар ҳоли ҳозир кушодашавии роҳ имкон надорад ва ин вазъ эҳтимол дорад то як ҳафтаи дигар тӯл кашад. {jathumbnail off}
Мӯҳр