Супориш аз боло: Пулис ба интихоботи президент дахолат накунад
Панҷ рӯз пеш аз анҷоми маъракаи имзоҷамъкунӣ ба тарафдории номзадҳо ба мақоми президентӣ роҳбарияти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дастур додааст, маъмурони пулис ба ин раванд дахолат накунанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд, “роҳбарияти ин ниҳод ба ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ вобаста ба интихоботи президентӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз онҳо қатъиян талаб намуд, ки ба рафти интихобот, ҷамъоварии имзо, ташвиқу тарғиботи номзадҳо дахолат накарда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар ҳолатҳои зарурӣ вобаста ба баргузории чорабиниҳои мазкур мусоидат намоянд.”
Роҳбарияти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон супориш додааст, маъмурини пулис ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро таъмин намуда, ба онҳо кӯмаки худро дареғ надоранд ва ба ҷомеаи шаҳрвандӣ бодиққатона ва дар сатҳи баланди маданӣ муносибат намуда, боэҳтиром ва хушмуомила бошанд.
Ин дастур дар ҳолест, ки то анҷоми маъракаи имзоҷамъкунӣ 5 рӯзи дигар мондааст ва номзадҳои пешбаришуда аз дахолати мақомоти пулис ба маъракаи пешазинтихоботӣ чандин бор шикоят карданд. Аз ҷумла Ойниҳол Бобоназарова, номзад аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ аз боздошту бозпурсиҳои ҷонибдоронаш чанд бор шикоят карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |