Президент ба сохтмони корхонаи 50 миллион долларӣ оғоз бахшид
Нимаи дуюми имрӯз 1-уми сентябр бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар болои ағбаи Чормағзак сохтмони як корхонаи бузурги сементбарорӣ оғоз ёфтааст.
Тавре Дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ин корхона бо иқтидори солонаи 600 ҳазор тонна семент аз ҷониби ширкати муштараки Тоҷикистону Чин – “ТОҶЧИН” дар зарфи 8 моҳ бо харҷи беш аз 20 миллион доллари амрикоӣ бунёд хоҳад шуд.
Аз ин миқдор маблағ 49% сармояи мустақим аз доираҳои соҳибкории Чин ва 51% сармояи соҳибкорони хусусии Тоҷикистон мебошад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар назар аст, ояндаи наздик ҳаҷми сармоягузорӣ то ба 50 миллион доллар ва иқтидори истеҳсолии корхона ба 1,5 миллион тонна семент дар як сол расонда шавад: “Дар ин ҷо дар давраи сохтмон то 500 нафар ва пас аз ба кор даромадани корхона 250 кас бо корӣ доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Беш аз 80%-и коргарон шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд. Барои аз худ намудани нозукиҳои муҳандисию техникӣ ва технологии ин корхонаи муосир беш аз 50 нафар ҷавонони тоҷик бо ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба аз Чин дар Тоҷикистон омӯзонда ва омода карда мешаванд”.
Ҷониби Чин иброз намудааст, ки ин иншооти азими саноатӣ бо технологияи навтарини ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардида, истеҳсолоти он бепартов хоҳад буд ва ҳеч зарари экологӣ ба табиати зебои ин мавзеъ нахоҳад расонд.
Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ин корхона сементи навъи 500 ва 600 истеҳсол мегардад, ки дар бозори дохил ва хориҷи кишвар харидорони бешумор дошта, дар сохтмони тамоми намуди иншоот, аз ҷумла иншооти бузурги саноатӣ ва гидротехникию гидроэнергетикӣ низ васеъ истифода мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |