Шумораи фурудгоҳҳои байналмилалии Узбакистон ба 9 адад расид
Дар Узбакистон боз 5 фурудгоҳ, аз ҷумла фурудгоҳи Андиҷон, Намангон, Қаршӣ, Тирмиз ва Фарғона унвони байналмилалиро ба худ касб карданд.
Ба иттилои расонаҳои узбакӣ, шуруъ аз рӯзи 1-уми октябр аз фурудгоҳҳои ин манотиқи Узбакистон, ҳавопаймоҳо тавассути хатсайрҳои байналмилалӣ метавонанд, парвоз кунанд.
Манбаъ мегӯяд, Ширкати ҳавопаймоии миллии Узбакистон муваззаф шудааст, ки фаъолияти ройгони кормандони Кумитаи амнияти миллӣ, гумрук, Вазорати тандурустӣ, кишоварзии Узбакистонро дар ин фурудгоҳҳо бо таваҷҷуҳ ба тағйири вазъияти онҳо ба роҳ монад.
Инчунин Вазорати умури хориҷии Узбакистон барои бунёди дафтарҳои махсус, фароҳам намудани имконот ва таҷҳизоти лозима барои муҳофизат аз марз, анҷом додани иқдомҳои беҳдоштӣ ва ироаи раводид дар марокизи бозрасии ин фурудгоҳҳо уҳдадор шудааст.
Узбакистон аз нигоҳи шумораи аҳолӣ бузургтарин кишвари Осиёи Марказӣ маҳсуб гардида, то кунун 3 фурудгоҳи ин кишвар ҳаққи иҷозаи парвози хатсайрҳои байналмилалиро тариқи онҳо доштанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |