Қазоқистон 1000 квота барои "Ҳаҷ 2013"-ро истифода накард
Гуруҳи нахустин зоирини Қазоқистон рӯзи 1-уми октябр барои зиёрати Хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ сафар карданд.
Ба иттилои муфтиёти Қазоқистон, имсол дар маросими “Ҳаҷ-2013” 4 ҳазору 400 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар иштирок хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки қаблан расонаҳои қазоқӣ гуфта буданд, имсол мақомоти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар маросими “Ҳаҷ-2013” ба шаҳрвандони Қазоқистон 5 ҳазору 500 квота ҷудо кардааст.
Манбаъ мегӯяд, аз миёни ин чоруним ҳазор зоири қазоқ 30 нафар имом-хатибони масоҷид ва табибон мебошанд, ки барои роҳнамоӣ ва нигаҳдории ҳоҷиён сафарбар шудаанд.
Ерҷан Ҳоҷӣ Малгаҷиулӣ, муфтии Қазоқистон зимни сафарбари зоирини кишвараш ба онҳо таъкид доштааст, ки сафар ба зиёрати Хонаи Худо сафари сайёҳӣ нест. "Ин яке аз ибодатҳоест, ки ҳар яки Шумо бояд бо таваҷҷуҳи хосса ва самимона онро адо намоед",-афзудааст ӯ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |