Дар Туркия бо ҳиҷоб ба муассисаҳои давлатӣ рафтанро иҷоза медиҳанд
Манъи пушиши русарӣ ё ҳиҷоб дар муассисаҳои давлатии Туркия ояндаи наздик бекор мешавад. Ин нуктаро Раҷаб Тайип Эрдуғон, нахуствазири Туркия зимни эълони барномаи ислоҳоти сиёсӣ дар кишвараш зикр кардааст.
Эрдуғон гуфтааст, бастаи ислоҳот барои демократикунонии куллии ҷомеа равона шудааст. ВАО-и Туркия навиштаанд, ин ислоҳот аз ҷумла вазъи аққалиятҳои миллӣ, аз ҷумла курдҳо ва масеҳиёнро беҳтар хоҳад кард.
Ба курдҳо иҷоза дода мешавад, исми қадимии шаҳракҳои худро барқарор намоянд, алифбои худро истифода кунанд ва дар макотиби ғайридавлатӣ бо забони худ дарс бигӯянд. Масеҳиён бошанд, метавонанд, заминҳои аз сӯи давлат мусодирашударо бозпас бигиранд.
Эрдуғон ҳамчунин аз тасмим дар мавриди поин бурдани ҳадди интихоботии аҳзоб дар интихоботи парлумонӣ аз 10 дар сад ба 5 фоиз ё умуман барҳам додани он гуфтааст. Ин имкон медиҳад, ҳизбҳои курд ҳам вориди парлумон шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |