Вазорати дифоъ: Даъвати наваскарон оғоз шуд
Имрӯз, 1-уми октябр, даъвати тирамоҳии наваскарон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ шурӯъ шуда, то охири моҳи ноябри соли равон идома хоҳад кард.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофиа дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт дар даъвати тирамоҳӣ шаҳрвандони соли таваллудашон 1986-1995 ба хидмати ҳарбӣ ҷалб хоҳанд шуд: “Имрӯзҳо ҳамаи комисариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии кишвар барои ба даъват пазируфтани шарҳрвандон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ омодаанд ва алакай аз субҳи барвақт даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардидааст.”
Маҳмадалиев афзуд, хизматчиёне, ки муҳлати хизмати ҳарбиро адо намудаанд, ба эҳтиёт рухсат дода хоҳанд шуд.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо судури як фармон дар мавриди даъвати наваксарон Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистонро вазифадор намуда буд, ки омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоянд. Ҳамчунин Вазорати тандурустии Тоҷикистон вазифадор шуда буд, ки барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро таъмин намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |