Ифтитоҳ ва убури мошинҳои Раҳмон аз нақби "Чормағзак"
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 1-уми октябр, нақби мошингарди Чормағзакро, ки дар масири Душанбе-Данғара-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Қулма-сарҳади Чин бунёд ёфтааст, расман ифтитоҳ намуд.
Тибқи иттилои Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба нуқтаи идораи нақб ворид шудааст, ки аз ин ҷо ҳаракати мошинҳо аз ду самт, кори шабакаҳои рӯшноидиҳӣ ҳавокашӣ, зиддисӯхторӣ ва ғайра тавассути камераҳои мушоҳидавӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти навтарини дигар назорат ва идора карда мешавад.
Инчунин ба иттилои манбаъ нахустин шуда, аз нақби “Чормағзак” қатори мошинҳои Эмомалӣ Раҳмон убур намуда, нақбро мавриди истифодаи умум қарор доданд.
Гуфта мешавад, баъди ба истифода додани нақби "Чормағзак" масофаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб дар қиёс ба роҳи автомобилгардӣ Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб 100 км кӯтоҳ мешавад.
Дарозии нақби "Чормағзак" 4 ҳазору 450 метр буда, барои бунёди он ва аз таъмири асосӣ баровардани роҳи автомобилгардӣ Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб 630 миллион сомонӣ, баробар ба 143 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби қарзҳои ҷудонамудаи ҳукумати Чин масраф шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |