Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбари Чин: "Аз ҳамкорӣ розием"
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба ҳамтои чиниии худ Си Ҷинпин 64- умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Чинро табрик гуфтааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин номаи худ ба сатҳи кунунии равобити Пекину Душанбе, ҷараёнҳои ҳамкории сиёсию иқтисодӣ ва гуманитарии миёни ду кишвар баҳои баланд дода, гуфтааст: “Ҳамкорӣ бо Чин дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой барои Тоҷикистон муҳим аст, зеро он боиси тавсеаи рушди иқтисодӣ ва таҳкими амният дар минтақа мебошад.”
Инчунин дар ин паёми шодбошӣ аз раисиҷумҳури Чин дар мавриди дастгирии пайвастаи кишвараш ва татбиқи бузургтарин барномаҳо дар бахшҳои иқтисоду сармоягузорӣ ва иҷтимоиёти Тоҷикистон сипосгузорӣ карда шудааст. Эмомалӣ Раҳмон сафари ахири худ ба Чинро муваффақиятомез хонда, афзудааст, он дар самти ба роҳ мондани ҳамкории бештар миёни ду кишвар ва равобити дуҷонибаи миёни кишварҳо сатҳу сифати тоза бахшидааст: “Ба имзо расидани эъломияи муштарак ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории стратегӣ далели ин гуфтаҳо мебошад.”
Дар охир гуфта шудааст, Тоҷикистон аз густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо Чин манфиатдор буда, ҷонибдори амиқи равобити судманд ҳар ду кишвар ҳаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |