Намоиши “ҷабрдида”-и нав ва Зайд Саидов тавассути ТВ-ҳои давлатӣ
Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон шоми 30-юми сентябр духтари навраси русеро намоиш доданд, ки гӯиё Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи “Тоҷикистони нав”, ба номуси ӯ дастдарозӣ кардааст.
Дар ин гузориши видеоӣ гуфта шуд, ин ҳодиса моҳи июли соли 2012 дар бӯстонсарои оқои Саидов дар ноҳияи Варзоб иттифоқ уфтодааст. “Зайд Саидов аз роҳи фиреб ин шаҳрванди ҳанӯз ба синни 14 нарасида (соли таваллуд --1999)-и Русияро, ки гӯиё ба лагери пионерӣ мебарад, ба бӯстонсарояш бурда, бо воситаи маводи мадҳушкунандаи номаълум ба номуси ӯ дастдарозӣ мекунад”,-таъкид шуд дар ин гузориш.
Баъдан дар ин навор гуфта шуд, гӯиё Зайд Саидов барои “рӯпӯш” намудани ин амали худ духтари русро, ки аз ӯ “Г.Е.” ном бурда мешавад, аз тариқи зӯр панҷ рӯз дар бӯстонсарояш нигоҳ доштааст. Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон дар ин навор бӯстонсаро ва як лаҳзаи рӯбарӯкунии ин духтари наврас дар бинои Оҷонсии зидди фасоди молӣ бо Зайд Саидовро ҳам намоиш доданд. Зоҳиран ин духтар нишон медод, ки Зайд Саидовро мешиносад ва бо забони русӣ мегуфт, ки таҷовуз ба номуси ӯ дар Варзоб ва дар як бинои дуошёна сурат гирифтааст. Аммо вокуниш ва ҳарфи оқои Саидов дар баробари ӯ намоиш дода нашуд.
Аз ин пеш, 24-уми сентябри соли ҷорӣ Оҷонсии мубориза бо коррупсия гуфта буд, ки алайҳи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи “Тоҷикистони нав”, бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари 12-сола боз як парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Вакилони мудофеи Зайд Саидов гуфта буданд, ки нафари таҳти ҳимояташон чунин як иттиҳомро бофтаву сохта донистааст. Ба қавли онҳо, Зайд Саидов гуфтааст, ин духтарро бори аввал мебинад ва намешиносад.
Ин барои дувумин бор аст, ки Оҷонсии мубориза бо коррупсия Зайд Саидовро дар таҷовуз ба номуси духтарони ноболиғ муттаҳам мекунад. Ин оҷонсӣ 16-уми июли соли ҷорӣ низ алайҳи соҳибкори муваффақи тоҷик "барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ва ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан" парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда буд. Оҷонсӣ гуфта буд, ба ин ниҳод ноболиғ "А" бо ариза муроҷиат намудааст, ки гӯиё Зайд Саидов ба номуси ӯ таҷовуз кардааст. Иттилое, ки Зайд Саидов онро беасос ва дурӯғин хонда буд.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Мақомот ӯро ба сӯистифода аз мансаб, порагирӣ, қаллобӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ ва ғайра муттаҳам медонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |