Президент ба 188 нафар иҷозаи сафар ба Хонаи Худоро дод
Сапармурод Тойлиев, ноибпрезиденти Туркманистон дар ҷаласаи кабинаи вазирони ин кишвар тарҳи Дастурамал дар бораи додани иҷозат ба 188 зоир барои анҷоми Хаҷро ба президент пешниҳод кардааст.
Бино ба иттилои хабаргузории давлатии Туркменистон сафари зоирин ба Арабистони Саудӣ 8-уми октябр оғоз шуда, то 29-уми ҳамин моҳ тул мекашад.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов зери дастурамали мазкур имзо гузошта, амр кардааст, тамоми мушкилот барои сафар ба Макка ва Мадина дар зудтарин муҳлат ҳал карда шавад.
«Барои дар сатҳти хуб анҷом ёфтани маросими Хаҷ бар души созмондиҳангдагон масъулдияти бузург вогузор мешавад. Бояд ин маросим тавре гузаронда шавад, ки бо анҷом ёфтанаш дар қалби ҳоҷиён хотироти нек боқӣ монад»,-гуфтааст райиси ҷумҳур.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |