Ҷаласаи ҳукумат: Аз баҳси қарзи хориҷӣ то саховатмандӣ дар Иди Қурбон

Баъд аз нимирӯзи 30-юми сентябр ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, дар ин ҷаласаи ҳукумат ҳудуди 40 масъала, аз ҷумла дарёфти қарз аз хориҷа, буҷаи соли 2014, вазъи заминҳо дар Бадахшон, таҷлили 20-солагии Қонуни асосӣ ва 70-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ баррасӣ шуд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раисиҷумҳур дар ҷаласа маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон (ММД) дар соли 2014 ба андозаи 48,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи реалӣ 7,6%, таваррум 7,5% ва индекси дефлятор 5,9% ба нақша гирифта шудааст.
Ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ бошад барои соли 2014, 13 миллиарду 901 миллион сомонӣ (28,7% ММД) муқаррар гардидааст, ки нисбат ба буҷети давлатии соли 2013 15,3% ё худ 1,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҷаласаи мазкур, таъкид шудааст, ки буҷети давлатӣ барои соли 2014 чун солҳои дигар бештар хислати иҷтимоӣ хоҳад дошт, зеро қариб нисфи он ба ин соҳаҳо нигаронда шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, буҷети давлатӣ барои солҳои 2015 ва 2016 бошад, тибқи дурнамо, мутаносибан ба андозаи 15,3 миллиард ва 16,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон аз рушди бонизоми иқтисодию иқтимоии кишвар, ки новобаста ба таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва дигар омилҳои манфии беруна, ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид намудааст, ки сохторҳои дахлдори давлатӣ минбаъд низ муътадил нигоҳ доштани рушди иқтисодиёт ва таъмини нишондодҳои буҷети давлатӣ бояд бо масъулияти дучанд заҳмат кашанд.
Дар ин ҷаласа барномаи давлатии қарзгирии берунии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 тасдиқ карда шудааст.
Инчунин Хадамоти матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, дар ҷаласа ҳисоботи раиси вилояти Бадахшон доир ба иҷрои нақшаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда барои солҳои 2008-2012 шунида шуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ҳар сол дар Бадахшон ҳадди ақал 200 гектар замин азхуд карда шавад.
Баробари ин Хадамоти матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, дар ҷаласаи ҳукумат шартномаи консессионӣ доир ба бунёди Маркази барқугармидиҳии Шӯроб тасдиқ карда шуд, ки бо иқтидори истеҳсоли 300 мегават нерӯи барқ бо ҷалби беш аз 400 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақим бунёд карда мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди маҷлис ба масъулин доир ба омодагии ҷиддӣ ба зимистони пешомад супоришҳои мушаххас дода, аз мардуми саховатпеша даъват кардааст, ки дар арафаи иди мубораки Қурбон ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дасти кумак дароз намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |