Таъкиди Убайдуллоев ба иҷро нашудани қарори ҳукумат аз ҷониби “ТАЛКО” ва “Барқи тоҷик”
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, охири ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оиди омодагиҳо ба зимистон аз ҳолати кор норозӣ монда, муассисаҳои зертобеи ширкати “Барқи тоҷик” ва “ТАЛКО”-ро интиқод намудааст, ки муқаррароти қарори ҳукумати кишварро саривақт иҷро намекунанд.
Тавре Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе, ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар ҷаласа зикр гардидааст, ки то ҳанӯз иҷрои корҳои нақшавӣ ба пуррагӣ таъмин нагардида, вазъият бо айби идораҳои дахлдор дар самти омодагиҳо ба роҳандозии истеҳсоли гармӣ ғайриқаноатбахш боқӣ мемонад.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла дар «Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳӣ» - и “Барқи Тоҷик” тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2013 то 1 октябри соли равон захиракунии 35 ҳазор тонна мазути камсулфур аз ҷониби КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» пешбинӣ шудаааст, ки ба ҳолати 25-уми сентябр ҳамагӣ 8 ҳазору 193 тонна ё худ 23,4 фоиз таъмин шудаасту халос.
Шаҳрдорӣ мегӯяд, ҳамагӣ барои фаъолияти муназзами манбаъҳои гармиистеҳсолкунии мавҷуда дар шаҳри Душанбе дар мавсими зимистон 116 ҳазор тонна ангишт захира намудан зарур аст, аммо то имрӯз ҳамагӣ 19 ҳазору 370 тонна ё худ 16,7 фоизи нақша захира шудаасту халос.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи шаҳрдорӣ агар ҳамаи нақшаҳо иҷро ҳам шаванд, ҳамагӣ наздики 200 Гкал/соат ё худ 14,7 фоизи талаботи шаҳр ба гармӣ дар мавсими зимистон истеҳсол хоҳад шуду халос.
Дар иртибот ба рафъи ҳолати мавҷуда ва тақвияти корҳои омодагӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулин дастурҳои қатъӣ дода, ҳар масъулро муваззаф сохтааст, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат чораҳои таъхирнопазир андешанд. Шаҳрдори Душанбе ба додситонӣ дастур додааст, ки омодагиҳо ба зимистонро дар Душанбе пайгирӣ кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |