Баҳси пойгоҳи Русия, низомиёни Бритониё ва сабукиҳои андоз дар парлумон
Шӯрои Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, мавзӯи пешниҳоди сабукиҳои андоз ба бархе аз корхонаҳо, созишномаи пойгоҳи 201 ва қарордод дар бораи таъмини интиқоли амволи низомию афсарони Бритониёро тавассути Тоҷикистон баррасӣ кардааст.
Дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷаласаи рӯзи 30-юми сентябр нахуст тағйиру иловаҳо ба буҷаи соли 2013 ва озод намудани бархе аз корхонаҳо аз пардохтҳои ҳатмӣ баррасӣ шудааст.
Ба қавли манбаъ, Сафаралӣ Раҷабов, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия гуфтааст, ҳадаф аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти дастгоҳ ва таҷҳизот барои эҳтиёҷи ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Дон ғарам», сохтмони заводи металлургии ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Комбинати металлургии тоҷикию-хитоӣ» ва корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» аст, ки номгўй ва миқдори таҷҳизотро баъдан ҳукумати Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Манбаъ мегӯяд, инчунин дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон тағйирот ба қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ», тағйирот ба қонун «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», оид ба лоиҳаи қонунҳои Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар хусуси Созишнома байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Русия дар қаламрави Тоҷикистон, дар хусуси Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ оид ба таъмини транзити амволи низомӣ ва афсарон аз Афғонистон тариқи қаламрави Тоҷикистон, дар бораи созишномаи грантии байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак тавассути рушди алоқаи нақлиётӣ», Оид ба лоиҳаи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба тиҷорати одамон», Оид ба лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» муҳокима шуданд.
Дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳамаи масъалаҳо фикру андешаҳо баён шуда, дар назар аст, дар маҷлиси оянда, ки рӯзи 1-уми октябр оғоз хоҳад шуд, ба тасвиб расанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |