Наврасони Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё роҳ наёфтанд
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозии охирини Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё миёни наврасон бо якачини наврасони Лубнон қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 5:0 ғолиб омаданд, вале ба даври ниҳоии ин мусобиқот роҳхат нагирифтанд.
Ин бозӣ шоми 29-уми сентябр, дар варзишгоҳи “Али Сабоҳ Ал-Салим”-и Қувейт баргузор гардид. Ду голи мунтахаби Точикистонро Худойдод Узоқов дар дақиқаҳои 14-ум ва 33-юм ба ҳадаф расонд. Муҳаммадҷони Ҳасан дар дақиқаи 16-ум, Рустам Толибов дар дақиқаи 41-ум ва Собирҷон Гулаков дар дақиқаи 83-юм як голӣ заданд.
Бозиҳои гуруҳи “А”-и Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар Қувайт баргузор гардид, ки ба ин гуруҳ дастаҳои наврасони Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қувайт, Лубнон ва Бутан шомил буданд. Ҳамин тариқ аз ин гуруҳ танҳо дастаи наврасони Қувайт бо 12 имтиёз ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон нахустин бозии худро дар ин мусобиқот бо дастаи наврасони Ҳиндустон мусовӣ - 1:1 анҷом дода, дар бозии дуюм тими наврасони Бутанро бо ҳисоби бузурги 12:0 шикаст доданд ва дар бозии сеюм аз тими наврасони Қувайт бо ҳисоби 2:1 шикаст хӯрда буданд. Мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар ин бозиҳо мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузукӣ роҳбарӣ мекард.
Тибқи дастури мусобиқот ғолибони 10 гуруҳ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон (U-16), ки соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.
Дастаҳое, ки ба даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2014 байни наврасон (U-16)роҳ ёфтаанд.
Ғолибони гуруҳҳо: Қувайт (А) Узбакистон (“B”), Непал (“С”), Арабистони Саудӣ (“D”), Эрон (“Е”), Умон (“F”), Австралия (“G”), Малайзия (“Н”), Кореяи Шимолӣ (“I”) ва Ҷопон (“J”)
5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум - Сурия (“D”), Чин (“I”), Ҳонконг (“G”), Кореяи Ҷанубӣ (“Н”) ва Қатар (“F”)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |