Қорӣ Наимҷон, наътхони маъруф, дар 41-солагӣ даргузашт (САДО)
Қорӣ Муҳаммадҷони Наим, яке аз наътхонҳои маъруфи тоҷик, дар синни 41-солагӣ дунёро падруд гуфтааст. Маросими ҷанозаи ӯ субҳи 30-юми сентябр бо ҳузури тақрибан 2 ҳазор нафар дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, баргузор шуд. Вале наздикони Қорӣ Наимҷон мегӯянд, дар маросими ҷанозаи ӯ афроди баландпоя аз ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва ё вилояти Суғд ҳузур надоштаанд.
Қорӣ Муҳаммадҷони Наимҷон аз соли 1991 то дами марг ба муноҷотхонӣ машғул буд ва чанде аз дискҳои худро низ ба бозор баровардааст. Вай дар шимоли Тоҷикистон мезист ва таронаҳояш бештар ахлоқи некӯи ҷавонону қадри волидон ва рӯзи охиратро тарғиб мекарданд.
Вай борҳо дар сӯҳбатҳояш гуфта буд, ҳангоми наътхонӣ метавонист аз мусиқӣ ҳам истифода кунад, вале талош карда, ки мардумро бештар ба матни таронаҳо ҷалб кунад, на ба оҳангу мусиқӣ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |