Зоиров Анҷумани ҳизбашро то 12 октябр ба таъхир гузошт

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Анҷумани пешазинтихоботияшро, ки бояд шеваи иштироки ин ҳизб дар интихоботи шашуми ноябрро мушаххас мекард, то 12-уми октябр ба таъхир гузоштааст. Дар ҳоле ки қарор буд ин анҷуман рӯзи 6-уми октябр, дуруст баъд аз ду рӯзи Анҷумани Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, баргузор шавад.
Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, гуфтааст, сабаби мавқуф гузоштани баргузории анҷумани ҳизбаш машғул будани онҳо барои ҷамъоварии имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ аст, ки ҲСДТ ҳам шомили он мебошад. “Аз сабаби монеаҳои зиёд, аз ҷумла қонуншиканиҳо, маҳдудудиятҳо дар ҷараёни имзоҷамъоварӣ анҷумани ҲСДТ баъди расман анҷом ёфтани замони бақайдгирии номзадҳо ба курсии президентӣ доир мегардад”,-гуфтааст Зойиров.
То ҳоло ҳафт номзад барои дарёфти курсии президентӣ мушаххас ва барои ҷамъоварии имзо шурӯъ кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Иттифоқи ҷавонон ва Федератсияи мустақили иттифоқҳои касаба, Толиббек Бухориев аз Ҳизби аграрӣ, Ойниҳол Бобоназарова аз сӯи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, Олим Бобоев аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Абдуҳалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалист, Исмоил Талбаков аз Ҳизби коммунист ва Сайидҷаъфар Исмонов аз Ҳизби демократ номзад шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |