Бозпурсии кӯтоҳи бародари Ойниҳол Бобоназарова дар Ёвон

Маъмурони пулиси ноҳияи Ёвон баъд аз нимирӯзи 29-уми сентябр Салоҳиддин Камолов -- бародари Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳро мавриди бозпурсӣ қарор дода, пас аз чанд дақиқаи он раҳо кардаанд. Дар ин бора ба “Озодагон” аз ситоди интихоботии Бобоназарова хабар доданд.
Ба қавли манбаъ, бародари Ойниҳол Бобоназарова соҳиби шаш фарзанд буда, дар Ёвон ба ҳайси ошпаз ё таббохи меҳмонхонае фаъолият доштааст. Маъмурони пулис гуфтаанд, чанде пештар дар меҳмонхонае, ки оқои Салоҳиддин кор мекунад, ҳодисае рух дода буд ва ӯ бояд шоҳидӣ медод. Аммо аз баёни кадом ҳодиса будани он худдорӣ кардаанд.
Худи Салоҳиддин Камолов ҳам дар тамоси телефонӣ бо Ойниҳол Бобоназарова гуфтааст, қаблан маъмурони пулис барои як суҳбат даъват карда буданд ва ӯ дар вақти таъиншуда ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ рафтааст. Вале ситоди интихоботии хонум Бобоназарова боздошти бародари ӯро як навъ тарс додани наздиконаш медонанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, Салоҳиддин Камолов рӯзҳои охир барои ҷамъоварии имзо ба тарафдории хоҳараш дар Ёвон кумак мекардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |