Назриев, “Ватандор” ва “Гурӯҳи 24” ба ситоди Бобоназарова пайвастаанд

Мирҳусейн Назриев, раиси як ҷиноҳи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, ки Вазорати адлия ба расмият намешиносад, аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова - номзади ягонаи нерӯҳои ислоҳотхоҳ пуштибонӣ кардааст. Дар ин бора Абдуқаюми Қаюмзод, сухангӯи Бобоназарова, рӯзи 28 сентябр ба “Озодагон” хабар дода ва гуфт, “Мирҳусейн Назриев бо намояндагони Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, эълон дошт, ки барои ҷамъоварии имзо кумак хоҳад кард”.
Ба гуфтаи Қаюмзод, масъулони Ҷунбиши сиёсии “Ватандор” ва “Гурӯҳи 24” низ барои пуштибонӣ аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова изҳори омодагӣ кардаанд. Вай гуфт, “Гуруҳи 24” ва ҳаракати “Ватандор” -- ду созмони сиёсие, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъолият доранд, баъд аз баргузории як анҷуман ба чунин хулоса омадаанд. “Аз ҷумла, раҳбари ҳаракати “Ватандор” гуфт, модоме тамоми нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон атрофи хонум Бобоназарова муттаҳид шудаанд, пас мо ҳам ба ин иттиҳод пайваст мешавем. Аз ин хотир аз тамоми тарафдорон ва ҳаводорони худ даъват мекунем, то дар ҳадди имкон барои ин ситод дастгирии маънавӣ дошта бошанд”,-гуфт сухангӯи Бобоназарова ба нақли қавл аз Додоҷони Атовулло, раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор”.
Ин дар ҳолест, ки дар оғоз ҳам Мирҳусейн Назриев ва ҳам созмони сиёсии “Ватандор” аз пешниҳоди номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба ҳайси номзади ягонаи ислоҳталабон изҳори норизоӣ карда буданд. Онҳо ин тасмимро натиҷаи фишори наҳзатиҳо дониста, гуфт буданд, беҳтар аст, Раҳматилло Зоиров -- раиси Ҳизби сотсиал-демократ номзад бишавад.
Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократ шомили онанд, рӯзи 17-уми сентябри соли ҷорӣ Ойниҳол Бобоназароваро ба ҳайси номзади ягонаи ислоҳталабон интихоб карданд. Хонум Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос, ки дар Бунёди Сорос ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо кор кардааст, ҳоло ба ҷамъоварии имзо машғул аст ва то кунун ҳудуди 30 ҳазор имзо ҷамъ намудааст. Дар сурати ҷамъоварии 210 ҳазор имзо ва сабти ном шудан дар Кумисюни марказии интихобот, барои дарёфти курсии президентӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, Толиббек Бухориев, Сайидҷаъфар Исмонов, Исмоил Талбаков, Олим Бобоев ва Абдуҳалим Ғаффоров вориди рақобат хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |