Қоҳир Расулзода, раиси Суғд, ба пахтачинӣ баромад
Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, рӯзи 28-уми сентябр ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта, то охири рӯз ройгон пахтачинӣ кард.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз ҳукумати Суғд хабар дода, афзуданд, ки баробари Расулзода 200 корманди баландпояи ҳукумати вилоят ба майдонҳои пахтаи Бобоҷон Ғаффуров рафта, бепул пахта ҷамъоварӣ намудаанд. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯзи пеш беш аз 100 имомхатибу кормандони масоҷиди шаҳри Хуҷанд, дар доираи дастури раиси Суғд барои ҷамъоварии беталафи пахта ба саҳро сафарбар шуда буданд.
Муҳаббат Бобоҷонова, муовини раиси шаҳри Хуҷанд, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, «барои ҷамъоварии пахта ҳамаи корхонаҳо, ташкилот ва муассисаҳо сафарбар шуда истодаанд. Қарори раиси вилоят, Қоҳир Расулзода, «Дар бораи тадбирҳои саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтаи соли 2013» ба тасвиб расидааст ва мардум ин қарорро дастгирӣ карда истодаанд.“
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |